Хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500)
Соли 2006 дар рафти ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Шанхай (Чин) дар бораи маблағгузории лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии Чин дар Тоҷикистон ба миқдори $ 603,5 млн. шартнома ба имзо расид. Яке аз лоихахо сохтмони хати баландшиддати барқии «Ҷануб – Шимол» (ЛЭП – 500кВт) , ки дарозии он 350 км аст, дар назар дошта шуда буд.
Ин хат системаи энергетикии ҷануби кишварро бо вилояти Суғд ва дар оянда бо минтақаҳои Чимкенти Қазоқистон ва Даткаи Қирғизистон пайваст хоҳад кард. Арзиши лоиҳа 281,3 млн доллари ИМА аст. Ҳамин гуна хатти 500 киловолта айни ҳол ҳамчунин аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи амалкунандаи «Регар-500» бунёд меёбад, ки дарозии он 57 км аст. Иқтидори нерӯгузаронии хатти 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» 27 млн кВт/соат дар як шабонарӯз аст, ки қариб ду баробари эҳтиёҷоти вилояти Суғд ба нерӯи барқ аст, зеро талаботи имрӯзаи шабонарӯзии вилоят ҳамагӣ 14 млн кВт/соат аст. Қобилияти нерӯгузаронии солонаи он ба зиёда аз 8 млрд кВт/соат баробар аст. Аз рӯи созишномаи қаблӣ сохтмони хат дар муддати 45 моҳ бояд то моҳи апрели соли 2010 анҷом меёфт, вале баъдтар тасмим гирифта шуд, ки бунёди он то охири соли 2009 ба поён расад.[1] 30 ноябри соли 2009 — ифтитоҳи хатти баландшиддати «Ҷануб-Шимол» аз муҳимтарин рӯйдоди ҷумҳурӣ дар соли 2009 гардид.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ХАТИ БАРҚИ «ҶАНУБ-ШИМОЛ» ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ СОХТА МЕШАВАД(тоҷ.). www.khovar.tj (24 июни 2009). 21 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Хатти барқи "Ҷануб-Шимол" ифтитоҳ шуд(тоҷ.). www.ozodi.org (1 Декабри 2009). 21 ноябри 2024 санҷида шуд.