Jump to content

Хил Раҷ Рагми

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хил Раҷ Рагми
неп. खिलराज रेग्मी
14 март 2013 — 11 феврал 2014
Пешгузашта Бобурам Бҳоттороӣ
Ҷонишин Сушил Куирало

Таваллуд 31 май 1949(1949-05-31) (75 сол)
Таҳсилот
Эътиқод Ҳиндуия
 Парвандаҳо дар Викианбор

Хил Раҷ Регми ( неп. खिलराज रेग्मी, тав. 31 майи соли 1949, Палпа, Непал ) — сиёсатмадори непалӣ аст, ки аз соли 2013 то 2014 и.в. сарвазири Непал буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳил Раҷ Регми моҳи майи соли 1949 дар ноҳияи Палпаи Непал таваллуд шудааст. Дар пойтахти кишвар Катманду донишгоҳро хатм карда, ҳуқуқшинос шуд. Дар моҳи майи соли 2011, ӯ ба ҷои президенти собиқи ҷумҳурӣ ба ҳайси раиси судяи Непал [1] таъин шуд. Ҳизби ягонаи коммунистии Непал (маочиён) ӯро хамчун номзади созишкор пешниҳод кард, ки вай тавонад то гузарондани интихоботи нави Маҷлиси муассисон ба Шӯрои Вазирон рохбарй кунад. 14 марти соли 2013 президенти Непал Рам Баран Ядав ӯро сарвазири муваққати ҳукумат таъин кард [2] . Интихобот дар кишвар моҳи июни соли 2013 таъин шуд. Баъд онро ба тирамох дигар карданд. Ин таъинот боиси норозигии маочиён [3] гардид, ки дар Мачлиси муассисони кишвар фраксияи калонтарин доштанд.

10 феврал Сушил Коирала, раҳбари Ҳизби Конгресси Непал, сарвазири нави Непал интихоб шуд[4]