Jump to content

Хима

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Парчами Тоҷикистон «Хима»
Номи пурра Бошгоҳи футболи «Хима» Душанбе
Таъсис 1954
Барҳам 2007
Майдон Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон
Мусобиқа Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷоми Тоҷикистон
2007 9
Форма
Либоси
асосӣ
Форма
Либоси
меҳмонӣ

Хима — собиқ бошгоҳи футболи Тоҷикистон аз Душанбе. Барандаи медали нуқраи Қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2006.

Бошгоҳ соли 1954 таъсис ёфтааст[1].

«Хима» се мавсим дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ карда, дар мавсими соли 2004 дар мусобиқаи лигаи аввали чемпионат ғолиб омада буд[2].

Даста бозии аввалини худро 28-уми марти соли 2005 дар меҳмонӣ бо дастаи «Регар-ТадАЗ»Турсунзода (1:3) дар сатҳи баланд анҷом дод, голи аввалро Станислав Ҷӯраев ба самар расонд. Соли 2005 «Хима» аз 19 бозӣ 23 хол гирифта, дар байни 10 даста дар ҷои 6-ум баромад. Дар Ҷоми кишвар бошад, дар чорякфинал аз байн рафт[3].

Дар мавсими соли 2006 «Хима» дар 22 бозӣ 54 имтиёз ба даст оварда, аз «Регар-ТадАЗ» як хол бохт, медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст овард. Илова бар ин, даста ба финали Ҷоми кишвар баромад, ки дар он низ аз «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд[4].

Дар мавсими соли 2007 «Хима» дар 20 бозӣ 33 имтиёз ба даст оварда, дар ҷои 5-ум қарор гирифт. Зарбазани беҳтарини чемпионат Сӯҳроб Ҳамидов, ҳамлагари «Хима» гардид, ки ба дарвозаи 21 гол задааст. Дар Ҷоми Тоҷикистон даста боз ба финал баромад ва дар он аз «Парвоз» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд[5].

Дар охири мавсим бошгоҳ пароканда карда шуд.

Муваффақиятҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон (1): 2006.
  1. Football - Soccer - Hima Dushanbe (Tajikistan) : palmares, results and name. www.the-sports.org. 12 октябри 2020 санҷида шуд.
  2. Tajikistan 2004. www.rsssf.com. 14 октябри 2020 санҷида шуд.
  3. Tajikistan 2005. www.rsssf.com. 12 октябри 2020 санҷида шуд.
  4. Tajikistan 2006. www.rsssf.com. 12 октябри 2020 санҷида шуд.
  5. Tajikistan 2007. www.rsssf.com. 12 октябри 2020 санҷида шуд.