Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон
Fc-Istiklol..jpg
Номи пурра

Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон

Номи қаблӣ

«Стадиони республикавии ба номи М. В. Фрунзе»

Мавқеъ

 Тоҷикистон, Душанбе

Шурӯъ ба сохтмон

1939

Бунёд

1946

Санаи ифтитоҳ

1962

Бозсозӣ

1962, 2007, 2010[1]

Молик

Душанбе

Иморатсоз

Трести «Душанбесохтмон»

Зарфият

20000

Дастаи асосӣ

Бошгоҳи футболи «Истиқлол» Душанбе

Андозаҳои майдон

20 га

Навъи замин

сабза

Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон (Стадиони Помир) — маҷмааи асосии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таърих[вироиш]

Сохтмони Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон соли 1939 оғоз шуда, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатъ гардид. Соли 1946 корҳои сохтмонӣ аз нав шурӯъ шуда, нишаст­го­ҳи ғарбӣ барои 5 ҳазор нафар бунёд ёфт. Соли 1962 трес­ти «Душанбесохтмон» корро давом дод ва дар тӯли як сол майдони асосии варзишгоҳро барои 21 400 нафар ба итмом расонд ва ба фаъолият шурӯъ кард. Масо­ҳа­ти маҷ­маа зиё­да аз 20 га (2014). Дар варзишгоҳ ҳам­чу­нин Ҳавзи шиноварии ҷумҳурӣ, пойгаҷойи бозиҳои дастӣ (соли 1974 ба истифода дода шудааст) ва Қасри теннис (яке аз беҳ­тарин қаср­ҳои варзиш дар Осиёи Марказӣ) во­қеъ гардидаанд. Зӯрхонаи ба номи А. Фирдавсӣ соли 2005 таъсис ёфт. Дар рафти омодагӣ ба Бозиҳои V Осиёи Мар­казӣ пой­га­ҷойи ҳашт­хаттаи варзишгоҳ ва ҷойи ҷаҳидану партоби диску найзаву гурз бо резини сурхранг – эластур пӯшо­ни­да шуд. Ҳамчунин чуқуриҳои ҷаҳиш таъмир ва ливо­поя­ҳои нав гузош­та шуданд, барои баргузории мусо­би­қот лавозимоти нави варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Айни замон варзишгоҳ дорои 19 ҳазор ҷойи нишаст мебошад (2014). Май­дони футбол соли 2012 азнавсозӣ шуд. Ҳам­чу­нин дар варзишгоҳ Мак­таби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол; Мактаби ҷум­ҳу­риявии ма­ҳо­рати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук; Мактаби ҷум­­ҳурия­вии ма­ҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои зимистона; Мактаби ҷум­ҳурия­вии маҳорати олии вар­зи­шӣ оид ба риштаҳои ама­лӣ; Мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр оид ба варзиши сабук, Клу­би футболи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бозиҳои вар­зи­шӣ ва машқу тамрин мекунанд. Мусо­биқа­ҳои бай­налмил­алӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва тимҳои футболи пойтахт ҳамсола дар майдони варзишгоҳ баргузор мешаванд.

Меъморӣ[вироиш]

Майдони асосии Варзишгоҳи марказӣ

Бинои толори варзишии варзишгоҳ шакли меъмории ба худ хос дорад. Вай дарози росткунҷа буда, бомпӯш ва пойдевораш каҷхатта аст. Дар ҷойи ба ҳам пайваст шудани хатҳои каҷи бомпӯш ва пойдевор ба дарозии толор панҷараҳои тас­мадор ҷой гирифтаанд. Девори миёнаи толор барои расидани равшанӣ оинабандӣ карда шудааст. Бом­пӯ­ши гунбадшакли толор бо пенополистирол пӯшо­ни­да шудааст. Варзишгоҳ аз мобайн даромадгоҳ дорад. Дарозии умумии бино – 82 м, бари он – 32 м, баландиаш – 10,5 м, масоҳати ҷойи варзиш – 1960 м2.

Зерсохтори варзишгоҳ[вироиш]

Дар ҳудуди Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон инчунин ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ (дорои 975 ҷойи нишаст ва 3 ҳуҷраи алоҳида), Қасри теннис (дорои ду майдони болопӯшида барои 1800 ҷойи нишаст), ҳуҷраҳои алоҳидаи хидматрасон, толори «Зӯрхона» (барои 400 ҷойи нишаст), меҳмонхонаи «Варзиш» (дорои 60 кати хоб), толори тӯби дастӣ (манеж) барои 2000 ҷойи нишаст, қасри солимгардонии «Тоҷварз» иборат аз 2 майдони кушоди теннисбозӣ ва 4 толори обутобдиҳии бадан, 4 майдони кушоди теннисбозӣ (барои 1500 ҷойи нишаст), маъмуриятҳои мактабҳои варзишии кӯдакону ҷавонон оид ба теннис, футбол, гӯштин, варзиши сабук, шиноварӣ, намудҳои зимистонии варзиш ҷойгир шудаанд.

Мусобиқаҳои варзишӣ[вироиш]

Дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон даҳҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (2003) гузаронида шудааст.[2]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]