Хонаи Китоби Тоҷикистон
Агентии Миллии Созмони Рақамгузори Стандартии Байналмилалии Китоб – Хонаи Китоби Тоҷикистон — муассисаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази библиографияи давлатӣ. 2 июли соли 2005 мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 239 дар заминаи Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Палатаи давлатии китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори КМ ҲК Тоҷикистон аз 14 июни 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмӯи китобхонаҳо ва беҳтарнамоии ташкили кори китобхонаҳо дар Тоҷикистон» ва Қарори Совети Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон аз 20 декабри 1935 ташкил гардид. Ҳадафи он роҳандозии библиографияи давлатӣ, фароҳамоварию ҳифзи нусхаҳои ҳатминазоратии осори нашрӣ, таъсиси бойгонии матбуот, ҳисоби омории маҳсулоти чопӣ ва маълумотдиҳии библиографӣ буд. Он давоми шаст сол корҳои зиёдеро дар ин самтҳо ба иҷро расонд, ки муҳимтаринаш ба вуҷуд омадани бойгонии матбуоти тоҷик мебошад.
Бо таъсиси Агентӣ ин муассиса ҳамчун намояндаи Созмони рақамгузории стандарти байналмилалии китоб (ISBN) амал мекунад ва нашри китобу ҷузва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шуд.Раванди ирсоли нусхаҳои ҳатмии осори нашриро Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9 декабри 2005, № 482 «Дар бораи фиристодани нусхаҳои ройгони назоратӣ ва ҳатмии матбуоти даврӣ ба мақомот ва ташкилоти дахлдори давлатӣ», дигар меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим медароранд. Ҳоло муассиса дар самти қабулу назорат ва ҳифзи нусхаҳои ҳатмии осори нашрӣ, библиографияи давлатӣ, омори матбуот, библиографияи тарҷеъ, хидматрасонии иттилоотӣ, тахсиси арқоми ISBN ба ноширон ва ғайра фаъолият мебарад. Дар бойгонии он зиёда аз 2, 5 милион нусха маҳсулоти чопӣҳифзу нигоҳдорӣ мешавад. Агентӣ дорои нашрияи худ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, ки соле ду маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ мерасад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.