Jump to content

Хонақоҳ (дарё)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хонақоҳ (дарё)
Ҷараёни об
Резишгоҳ Кофарниҳон
  Координатаҳо 38°26′39″ с. ш. 68°35′32″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Кишвар Тоҷикистон
Хонақоҳ (дарё) (Тоҷикистон)
резишгоҳ

Хонақоҳ — дарёест дар Тоҷикистон, шохоби рости дарёи Кофарниҳон. Дарё аз нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ибтидо меёбад. Тӯлаш 61 км, масоҳати ҳафзаш 362 км мурабаъ. Болооб ва миёнаоби дарё аз дараи танг, поёнобаш аз водии васеъ ҷорист. Манбаи дарё барфу пирях. Давраи пуробиаш аз охири феврал то миёнаи сентябр давом мекунад. Дарё ширмоҳӣ ва дар болообаш гулмоҳӣ дорад.