Jump to content

Хурмо Ширинова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хурмо Ширин
Хурмо Ширинова
Таърихи таваллуд 17 декабр 1957(1957-12-17)
Зодгоҳ Хоруғ
Таърихи даргузашт 1998(1998)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Кишвар Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987)

Хурмо Ширинова — овозхон, яке аз номдортарин овозхонон ва оҳангсозони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987),.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хурмо Ширинова 17 декабри соли 1957 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба собиқ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда онро соли 1978 бо муваффақият ба итмом расонда, худи ҳамон сол фаъолияти кории худро дар ансамбли эстрадии «Гулшан» оғоз кардааст. Мутассифона соли 1998 сарояндаи хушсадо Хурмо Ширинова дар айёми гулшукуфти ҳунар, дар айёме, ки ҳанӯз орзуи тавлиди сурудҳои нав ба нав зиёд буданду пораоҳангҳои нотамом дар интизори такмил шудан, аз беморрии саратон ин дунёро падруд гуфт.

Хурмо аз овони донишҷӯӣ ба сабти таронаҳои ҷадид камар баста сари вақт сурудҳояшро аз радио ва телевизион пешкаши мухлисонаш мегардонд. Симои зебо, овози софу ширадор, ҳаракатњои баҷо дар саҳна ба ҳунари овозхониаш тобиши тоза зам мекарданд. Ҷустуҷӯ, навпардозӣ, ифодаҳои марғуби савт дар андак вақт ин бонуи ҳунармандро миёни мардум ва берун аз кишвар низ машҳур гардонд.

Пас аз омадан ба ансамбли эстрадии «Гулшан» Хурмо бо Рустам Раҳимов, ки дар ин ансамбл навозандаи созҳои зарбӣ фаъолият мекард, дил баст ва хонадор шуд. Хурмо дар солҳои 1980-ум яке аз маҳбубтарин сарояндагони сурудҳои эстрадӣ буд ва таронаҳои марғубаш аз қабили «Ман омадаам», «Маҳбубаи ҷон», «Ширин-ширин», «Фаромӯш макун», «Даври ҷавонӣ», «Масӯзон», «Ману дарё», «Дунё манам», «Ҷаҳони ман», «Кабки дарӣ», «Ишқи синасӯз», «Дидор набинам», «Кафтараки ман», «Боди насим», «Қиссаи вафо», «Дунёи дил» аз беҳтарин таронаҳояш маҳсуб ёфта дар ганҷинаи заррини радиои Тоҷикистон сабт шудаанд. Суруди «Ману Дарё» ва «Кафтараки ман» аз маҳбубтарин сурудҳояш ба буда шуҳрати овозхонияшро дучанд гардонидаанд.

Вақте садои ширадору дилнишини ӯро мешунавем, беихтиёр чеҳраи хандону қомати мавзуни Хурмо Ширинова пеши назарамон намоён мешавад. Мо ӯро дар олами суруду мусиқӣ, шеъру сухани воло пайдо мекунем, ки бо меҳру муҳаббати зиёд баҳри дилбохтагони савту наво ва каломи мавзун суруд месарояд.

Аз суруду тарона ва шеърҳое ки Хурмо оҳанг бастааст, бармеояд ки ӯ маъниву мазмуни онҳоро хеле хуб дарк мекарду ба умқи онҳо назар меафканад. Заҳмату талош ва ҳунари нотакрори Хурмо Шириноваро ба назар гирифта соли 1987 ӯро бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз карда буданд.

Ин бонуи ҳунар бо суруду оҳангҳои пурмазмунаш, бо садои ширадору форамаш ва бо меҳру муҳаббати беандозааш нисбат ба ҳунар ва мардуму Меҳан дар дилу дидаҳои дӯстдорони савту наво ва каломи мавзун ҷовидона роҳ ёфтааст. Ӯро ҳамагон ба некӣ ёд мекунанд, аз ҳунари волову садои махмалинаш, аз маҳорати нотакрори сурудхониву рақсҳои мавзунаш, аз сурудҳои ширадору дилнишинаш мегӯянду хотираҳояшонро варақгардон мекунанд. Садои ӯ, навои ӯ, ҳунари нотакрори ӯ ҳамеша дар ёду хотираи муштоқони ҳунараш ҷовидон мемонад. Мисли ин оби дарё, ки замоне Хурмо ҳамсадояш буду бо сад розу ниёз васфашро мекард.