Jump to content

Хуршеди Атовулло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ниёзов Хуршедҷон Атовуллоевич
Хуршеди Атовулло
Таърихи таваллуд: 10 сентябр 1973(1973-09-10) (51 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент, деҳаи Дашти Қозӣ
Шаҳрвандӣ: Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, журналист

Хуршеди Атовулло - рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2013)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хуршеди Атовулло 10 сентябри соли 1973 дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 зодгоҳаш вориди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, соли 1996 бомуваффақият хатмаш кардааст. Солҳои 1996-1999 мухбири рӯзномаи «Чархи гардун», солҳои 1999-2001 мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», солҳои 2001-2003 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», солҳои 2003-2004 ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав», солҳои 2004-2005 сармуҳаррири рӯзномаи «Зиндагӣ», аз августи 2010 то августи 2013 котиби генералии Ассотсиатсияи «Медиа Альянс Таджикистана» будааст. Аз соли 2005 раисии Маркази тадқиқоти журналистӣ ва сармуҳаррир ҳафтаномаи «Фараж»-ро ба зимма дорад.

Асосан дар соҳаи насру публитсистика хомаронӣ мекунад. Муаллифи китобҳои «Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёр», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд», «Санге ба гӯри Лайлӣ» ва ғ. мебошад.

  • Аълочии матбуот (2001) ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012);
  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Ҷоизаи Кумитаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика (2004);
  • Ҷоизаи ОБСЕ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
  • «Публитсисти беҳтарини сол» (2008);
  • «Журналисти беҳтарини сол» (2009).[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 44-45 ISBN 978-99947-2-379-9