Хуршед Камолов
Таърихи таваллуд | 13 июн 1976 (48 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Панҷакент , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Камолзода Хуршед Маҳмадисоқ (Камолов Хуршед Маҳмадисоқович) — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]13-уми июни соли 1976 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1993 мактаби миёна, соли 1998 шуъбаи рўзонаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) ва соли 2007 шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2007 дар мавзуи “Ибораҳои изофӣ дар “Таърихи Табарӣ”-и Балъамӣ” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Камолзода Хуршед Маҳмадисоқ аз соли 1999 то имрӯз омӯзгори донишгоҳи мазкур аст. Аз соли 1999 ассистенти кафедраи таърихи забон ва типология, аз соли 2002 муаллими калон ва аз соли 2010 дотсени кафедраи мазкури ДМТ.
Барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи маориф бо “Ифтихорнома”-и ДМТ, “Ифтихорномаи”-и Вазорати маориф ва илми ҶТ, нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" қадрдонӣ гардидааст.
Мавсуф ҳунари хушнависӣ дорад ва китоби дарсии “Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он” (муаллиф Қосимова М. Н., 2002)-ро хаттотӣ намудааст.
Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: танзимгари Маркази омўзиши забонҳои ДМТ (2002-2009), мудири Маркази омўзиши забонҳои ДМТ (2009-2010), муовини декани факултети филологияи ДМТ дар самти масоили тарбиявӣ (2010-2015), раиси Кумитаи иттифоқи касабаи факултети филологияи ДМТ (2014-2022). Аз моҳи феврали соли 2022 то имрӯз мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]“Ибораҳои изофӣ” - монография (2011), Барномаи таълимии забони тоҷикӣ (барои забономӯзони хориҷӣ (2011), «Маҷмуаи саволномаҳои тестӣ барои дохилшавандагони макотиби олӣ» (бо ҳаммуаллифӣ) (2012), “Омўзиши хат ва имлои форсии классикӣ” (2015; 2021), "Машқи хатти арабиасос" (2015), "Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-чехӣ" (бо ҳаммуаллифӣ (2017), "Машқи хатти настаълиқ" (2018), “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми МТМУ таълимашон ба забони русӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2018)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 4 таълимашон бо забони қирғизӣ (бо ҳаммуаллифӣ 2019)), «Забони давлатӣ». Барои хонандагони синфи 4 таълимашон бо забони туркманӣ (бо ҳаммуаллифӣ 2019)), “Забони давлатӣ”. Китоби дарсӣ барои синфи 4-уми МТМУ таълимашон ба забони ӯзбекӣ (бо ҳаммуаллифӣ (2019)), барномаҳои таълимӣ, бештар аз 40 мақолаи илмӣ. (дастури методӣ). [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедраи таърихи забон ва типология Хуршед Мамадисоқович Камолов(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.