Jump to content

Чак-Чак (шираворӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пухтупази Чак-чак

Чак-Чак — навъи шираворест, ки аз хамир тайёр мекунанд. Тайёркунии чак-чак чунин корҳоро дар бар мегирад: хамир кардан, угро буридан ва бирён кардани он; тайёр кардани шарбат, омехтани шарбату угрочаҳои бирён; ороиши он. Орди гандумро бехта, ба он шир, равған ва тухми бо шакар омехтаро илова намуда, хамир мекунанд. Рӯи хамирро 40-50 дақиқа бо сачоқча пӯшонда мемонанд ва баъд онро тунук карда (на камтар аз 3-4 мм) чун угро мебуранд. Угроро дар равған бирён мекунанд ва баъди сурх шудан бо чавлӣ ба зарфе мебардоранд. Шарбатро аз омехтаи асалу шакар тайёр мекунанд ва барои ин ба асал шакар андохта, сипас онро то хуб омехташавӣ рӯи оташ нигоҳ медоранд. Угрочаҳои бирён ва хунуккардаро ба зарфи сирдор ё чинӣ андохта, аз болояш шарбат мерезанд. Бо дастони ба оби хунук таркардашуда онро ба шакли дилхоҳ медароранд ва болояшро бо мағзи писта, чормағз ё худ бо карамелҳои рангоранг оро медиҳанд. Барои 1 кг чак-чак ин чизҳо лозиманд: барои хамир 3 истакон орди гандум, 4 дона тухм, 2 қошуқ равған, 2 қошуқ шакар, 0,5 истакон шир, 0,5 қошуқча намак; барои шарбат - 1 истакон асал, 1 истакон шакар; барои ородиҳӣ - 1 қошуқ чормағзи реза ё мағзи писта, ё худ 50г карамели рангоранг; барои бирён кардани угро - 500 г равғани рустанӣ. Зардии тухмро дар зарфе меомезанд ва сипас ба он каме намак ва ба миқдори даркорӣ орд андохта хамир мекунанд. Хамирро печонда мемонанд, ки дам гирад. Баъд онро, ҳамон тавре ки дар усули якум оварда шудааст, тунук карда, угрочаҳо мебуранд ва бирён мекунанд. Барои тайёр кардани якто чунин чак-чак (чак-чаки андозааш миёна) 1 кг орд, 10 дона тухм, 0,5 қошуқча содаи хӯрокӣ, 0,5 қошуқча намак, 1кг асал, 1 истакон шакар ва 1,5 кг равғани маска ё равғани пахта лозим аст. Ин ширавор барои он чак-чак ном гирифтааст, ки аввалҳо онро тавассути ба равғани доғ чаккондани қиёми орд ва тухм ҳосил мекарданд.[1]

  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.