Чарлз Гловер Баркла
Чарлз Гловер Баркла | |
---|---|
англ. Charles Glover Barkla | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 7 июн 1877[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Тахрихи даргузашт: | 23 октябр 1944[1][2][3][…] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | atomic physics[d] ва физики ҳастаӣ[d] |
Ҷойҳои кор: | |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | Oliver Lodge[d] |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
Чарлз Гловер Ба́ркла (англ. Charles Glover Barkla; 1877—1944) — физикдони англис.
Зиндагинома[вироиш]
Чарлз Гловер Баркла хатмкардаи Донишгоҳи Ливерпул (1899). Солҳои 1899 −1902 таҳти роҳбарии Ҷ. Ҷ. Томсон дар Донишгоҳи Кембриҷ кор кардааст. Солҳои 1909-13 профессор физикаи Коллеҷи шоҳии Донишгоҳи Лондон ва аз соли 1913 то охири умр мудири кафедраи натурфалсафаи Донишгоҳи Эдинбург буд. Дар соҳаи физикаи атом, физикаи ядро ва афканишоти рентгенӣ таҳқиқот гузарондааст. Чарлз Гловер афканишоти тавсифии рентгении унсурҳои кимиёӣ ва таркиби флюуорессентии афканишоти парокандаи рентгениро кашф кард. Барои кашф ва таҳқиқоти афканишоти тавсифии рентгенӣ сазовори Чарлз Гловер Баркла Ҷоизаи Нобел дар бахши физика гардид (1917). Ӯ инчунин қутбнокшавии афканишоти рентгениро ошкор намуд, ки барои тавсифи нурҳои рентгенӣ ҳамчун афканишоти электромагнитӣ аҳаммияти калон дошт.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Архив по истории математики Мактьютор
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica
- ↑ 3.0 3.1 SNAC — 2010.
Сарчашма[вироиш]
- Баркла Чарлз Гловер // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Зодагони 7 июн
- Зодагони соли 1877
- Зодагони Англия
- Даргузаштагони 23 октябр
- Даргузаштагони соли 1944
- Википедиа:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Барандагони ҷоизаи Нобел ба тартиби алифбо
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои нопурра дар бораи олимон
- Олимони Британиёи Кабир
- Олимони асри XX