Чарлз Грили Аббот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Чарлз Грили Аббот
англисӣ: Charles Greeley Abbot
Charles Greeley Abbot00.jpg
Санаи таваллуд:

31 май 1872(1872-05-31)[1][2][3]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

17 декабр 1973(1973-12-17)[1][2][3] (101 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

Астрофизика

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Мукофоту ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Чарлз Грили Аббот дар Викианбор

Ча́рлз Гри́ли А́ббот (вар. Чарлз Грили Эббот, англисӣ: Charles Greeley Abbot; 31 майи соли 1872, Уилтон[en], Ню-Ҳэмпшир — 17 декабри соли 1973, Ривердейл[en], Мэриленд, ИМА) — астрофизики амрикоӣ, мутахассиси физикаи Офтоб ва омӯзишу истифодаи энергияи офтобӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Донишкадаи технологии Массачусетс (1895).

Солҳои 1907—1944 директори расадхонаи астрофизикии Смитсонов, 1928—1944 котиби Донишкадаи Смитсонов буд[5]. Аббот узви АИ миллии ШМА дар Вашингтон буд (1915).

Дар соҳаи радиатсияи Офтоб, физикаи Офтоб ва нурафкании ситораҳо тадқиқот бурдааст. Аббот қисми инфрасурхи спектри Офтобро таҳқиқ намуда, таърифи собитаи офтобиро додааст. Бо спектроболометр ва радиометри ихтироъкардааш тақсимоти энергияро дар спектри Офтоб таҳқиқ кардааст. Барои истифодаи энергияи гармии Офтоб асбобҳо сохтааст. Муаллифи китоби «Офтоб» аст, ки соли 1936 ба забони русӣ нашр шудааст. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ вобастагии байни тағйирёбии афканишоти Офтоб ва боду ҳаворо дар Замин (1953) муайян намудааст.

Ба шарафи Аббот дар Моҳ яке аз танӯраҳо номгузорӣ шудааст (танӯраи Аббот).

Китобшиносӣ[вироиш]

  • Аббот Ч. Солнце. — М.-Л.: ОНТИ, 1936.

Адабиёт[вироиш]

  • Колчинский И.Г., Корсунь А.А., Родригес М.Г. Астрономы: Биографический справочник. — 2-е изд., перераб. и доп.. — Киев: Наукова думка, 1986. — 512 с.

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.