Чархдег
Зоҳир
Чархдег, чахдег, чағдег — асбоби махсусест барои аз ҷурғот ҷудо намудани маска.
Чархдег аз чархчӯб ва дег иборат аст. Таги дег ҳамвор буда, даҳонаш нисбатан танг аст. Он сафолин, чўбин ва ҳаҷмаш гу-ногун аст. Ҷурғотро ба Чархдег андохта дастак (тир)-и чархчўбро аз 2 ҳалқаи чӯбин (чахник)-и ба мех ё сутун басташуда мегузаронанд ва тасмаро аз миёнаҷои даста ду бор менечонанду нӯгҳои тасмаро бо навбат ба тарафи худ кашида, чархчӯбро ба ҳаракат медароранд. Маска тақрибан ҷудо шуда болои дўғ мебарояд. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ба ҷои чархдег гуппиро истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.