Jump to content

Чашмаи биринҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чашмаи биринҷӣ — чашма, ёдгории табиъии таърихӣ[1] дар маҳаллаи Гулистон, тақрибан 8 км дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст. Аз роҳи калони Панҷакент-Айнӣ тақрибан 2 км роҳи мошингарди хокӣ дорад.

Тибқи нақлу ривоятҳо сабаби «биринҷӣ» ном гирифтани ин чашма дар он аст, ки дар солҳои пеш аз он оби сафедчатоб мебаромад ва соф шуда, яъне оби мисли филиззи биринҷӣ сафед шуда мерафт. Тибқи дигар назария оби чашма ҷорӣ шуда, ба замини палҳои шолӣ меравад ва ҷӯе ҳамроҳ шуда, ба дарёи Зарафшон мерезад. Шояд номи “чашмаи биринҷӣ” ба кишти шолӣ рабт дошта бошад.

Дар бораи Чашмаи биринҷӣ маълумоти таърихӣ дастрас нест. Тибқи нақли мардум, он замони хеле қадим ҷорӣ будааст.

Аз назди чашма бостоншинос Борис Маршак дар соли 1954 аз наздикии баъзе ашёи таърихӣ ёфтааст. Худи Чашмаи биринҷӣ ба давраи палеолит рост меояд.

Чашма аз сатҳи замин 2 метр ва ҳавзаи он 1-1,5 метр дар пастӣ қарор доранд. Барои фуромадан ба чашма дар хоки замин зинапоя тарошида шудааст. Оби чашма аз зери замин берун меояд ва ба ҳавзи калон ворид мешавад. Дарозии ҳавз 45-50 метр ва бараш аз самти чашма 5 метр буда, ҷӯй ба сӯйи ҳавз васеъ шуда меравад ва бари ҳавзи калон тахминан 50 метр аст.

Дар назди чашма беди тақрибан 50-солае ҳаст. Дар атрофи ҳавзи чашма инчунин дарахтони сада, тут, бед ва хорбуттаҳо ба назар мерасанд. Дар ҳавзи чашма моҳӣ, қурбоққа ва мори обӣ мавҷуданд. Моҳиҳои онро касе шикор намекунад.

Пешҳо мардум онро зиёрат карда, аз обаш менӯшиданд, ба шохҳои дарахт латта баста, эътиқод доштанд ва бо оби чашма баъзе беморонро табобат мефармуданд[2]. Аммо имрӯзҳо зиёрат дида намешавад. Танҳо деҳқонон омада об барои нӯшидан ё чорпояшон мебаранд.

  1. Дар «Феҳристи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти № 199 сабт шудааст.
  2. Моҳи Мунир. Чашмаи биринҷиро харидорӣ намуданд?. Фараж (25 Декабри 2021). 23 Январ 2023 санҷида шуд.
  • Нарзӣ С. Тазкираи Панҷакент. — Душанбе: Ирфон, 2015. — 232 с.
  • Исаков А. И., Якубов Ю. Я., Каримова Г. Р. Археологическая карта Таджикистана. Верховья долины Зарафшана (Горно-Матчинский, Айнинский и Пенджикентский районы). — Душанбе: Дониш, 2020. — Ч. I—III. — 360 с