Борис Маршак
Таърихи таваллуд | 9 июл 1933 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 28 июл 2006 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | бостоншинос[d], бостоншиносӣ[1], ҳунаршиносӣ[d][1] ва шарқшиносӣ[1] |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих[d] |
Алма-матер |
|
Ҷоизаҳо |
Борис Илич Маршак (русӣ: Борис Ильич Маршак; 9 июл 1933, Луга, Вилояти Ленинград — 28 июл 2006, Панҷакент, Вилояти Суғд) — бостоншинос ва ховаршиноси маъруфи рус, доктори илмҳои таърих, муҳаққиқи шаҳри бостонии Панҷакент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Борис Маршак 9 июли соли 1933 дар шаҳри Луги вилояти Ленинград дар оилаи шоири дар замони шӯравӣ машҳур — Самуэл Маршак ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дохил мешавад. Тақдир дар айёми донишҷӯӣ, соли 1954, ӯро бо Тоҷикистон, ба шаҳри бостонии Панҷакент пайваст.
Ӯ тоҷикон, забон, таърих, ҳунару адабиёти ин миллатро дӯст медошт. Зимнан дар силсилаи калони «Китобхонаи шоир»-и Маскав рубоиёти Умари Хайём дар тарҷумаи Борис Илич Маршак чоп шудааст. Ба андешаи хонандагон, ӯ тавонистааст маъниҳои рубоиёти Хайёмро хеле хуб ба русӣ ифода намояд, зеро донандаи хуби забону таърихи тоҷик ва фалсафаи Шарқ буд[2].
Ҳамсари Борис Маршак Валентина Иванова Распопова низ аз бостоншиносони маъруф мебошад, ки солиёни зиёд шаҳри бостонии Панҷакентро таҳқиқ намудааст. Дар рисолае, ки зану шавҳар соли 2005 бо номи «Сангҳои тарозуи суғдӣ дар Панҷакент» таълиф намудаанд, сангҳои тарозуи ҳангоми ҳафриёт ёфтшуда ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориаш баъди хатми донишгоҳ расман дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Борис Маршак баъдан ба Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург ба кор рафт, вале робитаи худро аз Тоҷикистон ва хоса шаҳри бостонии Панҷакент наканд. Беш аз сӣ сол ба ҳайси сарвари экспедитсияи бостоншиносии Эрмитажи Санкт-Петербург то дами марг дар таҳқиқи шаҳри бостонии Панҷакент саҳм гузошт.
Ӯро дар марказҳои машҳури илмии ховаршиносӣ ҳамчун мутахассиси варзидаи таърихи Осиёи Миёна, хоса тамаддуни суғдиён эътироф менамуданд.
Борис Маршак яке аз муаллифону тарроҳони намоишгоҳи «Ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон» дар Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург буд. Онро ҳазорон нафар дидаву бо таърихи тоҷикон ошноӣ пайдо кардаанд. Дар маҷмуъ, ӯ ҳамаи намоишҳои нигораҳои қадимаи Тоҷикистонро муаррифӣ менамуд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қалами ӯ беш аз дусаду панҷоҳ асари илмӣ мансуб аст, ки қисмати бештари онҳо ба таҳқиқи таърихи тоҷикону Тоҷикистон бахшида шудаанд. Дар айёми донишҷӯӣ ва оғози фаъолияти кориаш мақолаҳои ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Маскаву Санкт-Петербург чоп мешуданд. Баъдан ӯ бо номи «Нуқраи Суғд» асари мукаммали илмие таълиф кард, ки натиҷаи таҳқиқоти бевоситааш дар шаҳри бостонии Панҷакент аст. Бо ин таҳқиқоти пурарзиш ӯ ба қатори донандагони бисёр закӣ ва маъруфи ёдгориҳои нуқра шинохта шуд.
Асари дигари ӯ «Silberschatze des Ortents» (Лейпсиг, 1986) аз ҷониби шарқшиносону бостоншиносони маъруфи ҷаҳон баҳои баланд гирифт.
Борис Маршак солиёни зиёд ҳамчун профессори даъватшуда дар донишгоҳҳои машҳури Аврупо ва Амрико ба олимон ва донишҷӯён лексия мехонд. Ӯ узви вобастаи Пажӯҳишгоҳи Африқо ва Шарқи Италия, узви фахрии Ҷамъияти Осиёи Бритониёи Кабир ва Ирландия, узви фахрии Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Амрико ва узви хориҷии Академияи Фаронса буд. Дар заминаи лексияҳое, ки марҳум дар донишгоҳи Лондон хондааст, соли 2002-юм дар Нию-Йорк асари пурарзиши илмие таълиф намуд, ки қиссаю ривоятҳои қадимаи халқҳои эрониро, ки дар деворнигораҳои шаҳри бостонии Панҷакент нақш шудаанд, бозгӯ ва тафсир менамояд. Баъди марги олим китоби дигари ӯ бо номи «Санъати Суғд» дар Санкт-Петербург (2010) ба табъ расид.
Борис Маршак беш аз сӣ сол экспедитсияи якҷояи Эрмитажи давлатии Санкт-Петербург, Академияи илмҳои Русия ва Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар шаҳри бостонии Панҷакент сарварӣ кардааст. Тӯли ин солҳо даҳҳо нафар бостоншинос аз ин мактаб гузашт, ки ҳоло дар таҳқиқи таърихи мо саҳми босазо мегузоранд.
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Хидматҳои Борис Маршак бо унвони Арбоби илми Тоҷикистон, ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф»-и Русия қадршиносӣ шуда, ду навбат барандаи ҷоизаи Р. Гришман ва ҷоизаи Фирдавсӣ гардидааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Борис Маршак дар шаҳри Панҷакент даргузаш ва ӯро тибқи васияташ дар пояи қалъаи бостонии Панҷакент ба хок сипурдаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ И. Раҳматуллоев, Т. Солеҳзода. Борис Маршак - муҳаққиқи Панҷакенти қадим. www.jumhuriyat.tj. Ҷумҳурият (25 феврали 2012). 23 Январ 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- M. Compareti, P. Raffetta, G. Scarcia, Ērān ud Anērān. Электронный сборник («Webfestschrift») в честь 70-летия Б. И. Маршака Ēran ud Anērān
- В. Г. Шкода (V. Shkoda). Био-библиография Б. И. Маршака Marshak, Boris Ilich.
- Boris I. Marshak. Dēwāštīč Бойгонӣ шудааст 17 апрели 2011 сол. (Правитель Пенджикента в начале восьмого века), вышла в седьмом томе «Энциклопедии Ираники»
- Boris I. Marshak. Masterpieces from Tajikistan Masterpieces from Tajikistan.
- Б. И. Маршак. Серебряное блюдо со сценой полета Александра Македонского, Byzantinorossica, 2, 2003, c. 1-41 Византинороссика Бойгонӣ шудааст 1 марти 2021 сол. (формат статьи — djvu)
- Б. И. Маршак. Согдийское серебро. Очерки по восточной торевтике, / Серия: Культура народов Востока. М.: 1971. 191 с. Согдийское серебро. Очерки по восточной торевтике.