Jump to content

Чашмамазори Хоҷа Гули Бодом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чашмамазори Хоҷа Гули Бодом - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Чашмамазори Хоҷа Гули Бодом тақрибан 3 км дуртар аз самти шим. шоҳроҳи Душанбе—Турсунзода дар ҳудуди деҳаи Хуҷии Болои ноҳияи Шаҳринав воқеъ гардидааст, ки бо номҳои «Хуҷӣ», «Хоҷа Гулпӯш» ё «Хоҷа Гули Бодом» маъруф аст. Мазори Хоҷа Гули Бодом дорои чашмаест, ки моҳичаҳои фаровон дорад, ки сокинони русто муқаддас медонанд. Беморони зардча ва зиққи нафас аз тамошои моҳичаҳои мазор шифо меёбанд. Ин макон қадамҷойи яке аз шахсиятҳои бузург, шояд орифони роҳи тариқати Нақшбандия бошад..[1]

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258