Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Чашмасор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳаи Чашмасор
Деҳаи Чашмасор
Деҳаи Чашмасор
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Чашмасор
Аҳолӣ 1102 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 148
Раис Охунов Саидо

Чашмасор— (номи пештарааш Субулоқ ), - Ин ном чӣ маъно дорад? "Чашмасор" маънои "Манбаъҳо" ё "Чашмаҳо"-ро дорад ва аз калимаи арабии "Чашм" - چشم "чашм", ки дар забони тоҷикӣ қабул шудааст ва шакли "-а", ки ба пасванди "-а"-и тоҷикӣ мувофиқат мекунад ва калимаро ташкил медиҳад, иборат аст: "Чашма, чишма" - калид; манбаъе, ки ҷӯйборро ба вуҷуд меорад; ҷӯйбор; чашма, фаввора. Деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасор. Аз деҳа то маркази ноҳия 16 км. Аҳолиаш 1102 нафар (2010), тоҷикон. Аз 148 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ № 34 ба номи Лоиқ Ибодов, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, хонаи саломатӣ, китобхона, 75 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 мағозаи хусусӣ (яктоаш мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмон), нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2 ошхона, осиёи обӣ, сартарошхона, дорухона, муассисаи таъмири роҳҳо, масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ машгуланд. Заминҳо аз чашмаҳо ва дарёчаи Элок обёрӣ мешаванд.[1]

Дар деҳа низ ҷавонон бисёр ба варзиш машғул ҳастанд, ки дастаи футбол ва валейбол-и ин деҳаро дар тамоми ноҳия мешиносанд. Мардуми меҳмондуст ва хело хуб дар ин деҳа умр ба сар мебаранд.

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.