Элок (дарё)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Элок (дарё)
Дарёи Элок дар сарчашма
Мушаххасот
Тӯл 97 км
Ҳавза 829 км²
Сарфи об 05 м³/с
Ҷараёни об
Сарчашма  
  Координатаҳо 38°39′22″ с. ш. 69°32′24″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Дарёи Кофарниҳон
  Координатаҳо 38°28′47″ с. ш. 68°46′37″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Кишвар Тоҷикистон
Минтақа Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияҳо Ноҳияи Файзобод, ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Ҳисор
Элок (дарё) (Тоҷикистон)
резишгоҳ
— сарчашма, — резишгоҳ

Элок — дарё дар ноҳияи Файзобод, калонтарин шохоби чапи дарёи Кофарниҳон[1].

Аз ҳудуди ноҳияи Файзобод, ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷорист. Тули дарё 97 км буда[1], масоҳати ҳавзааш 829 км²[1]. Дарё аз чашмаи деҳаи Элок, ки дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳи Қаротегину Сурхкӯҳ ва поёнобаш аз водии Ҳисор мегузарад. Манбаи дарё обҳои зеризаминӣ ва барфу борон мебошад. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об 0,5 м³/с[1]. Дар дарёи Элок ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дар болообаш гулмоҳӣ ҳаст. Оби Элок барои обёрии заминҳо ва аз об таъмин кардани аҳолӣ истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]