Чеҳраҳои мондагор (китоб)
Муаллиф: | Эмомалӣ Раҳмон |
---|---|
Забони асл: | тоҷикӣ |
Ношир: | «Эр-граф» |
Саҳифаҳо: | 364 |
Расона: | китоб |
«Чеҳраҳои мондагор» — китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зиндагинома, осор ва пайкори 25 чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додааст.
Муҳтаво
[вироиш | вироиши манбаъ]Китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳоло наомӯхтаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва чеҳраҳои баргузидаи онро ба риштаи таҳқиқ кашида, мероси пурғановати фарҳангӣ ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузаштаро, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, мавриди баррасии амиқ қарор додааст[1].
Муаллиф дар мақолаҳое, ки дар китоб фароҳам омадаанд, ба сарнавишти шахсиятҳои баргузидаи таърихи тоҷикон, пеш аз ҳама, ҳамчун субъекти таърихи миллат нигариста, чеҳраи онҳоро дар заминаи усулҳои иҷтимоиву фарҳангии маърифати шахсият ба қалам кашидааст.
Муаллиф дар офариниши чеҳраи шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ даставвал ба ин нукта таваҷҷуҳ кардаанд, ки он афрод сарнавишти худ ва миллаташонро чӣ гуна сохтаанд ва чӣ гуна метавонанд ба имрӯзу ояндаи меросбаронашон ба василаи андешаҳову ормонҳояшон таъсири созанда бирасонанд. Дар шинохт ва арзёбии чеҳраҳои таърихиву фарҳангӣ ҳамин нукта маҳаки эътибор будааст, ки моҳияти аслии ҷустуҷӯҳои соҳиби китобро муайян мекунад[2].
Муаллиф дар ин замина дар хитоб ба хонанда таъкид мекунанд, ки:
Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд.
Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.[3] |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ду китоби тозанашри Пешвои миллат дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд | Китобхонаи миллии Тоҷикистон. kmt.tj. 12 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2018.
- ↑ Сайрам БАҚОЗОДА. ЧЕҲРАҲОИ ҲИДОЯТГАРИ ТАЪРИХ. (Дар ҳошияи китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор»)(тоҷ.). АМИТ "Ховар". khovar.tj. 12 феврали 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. — Д.: «Эр-граф», 2016. — С.4. — 364 с.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |