Чилдухтарон

Чилдухтарон — ёдгории табиӣ ва таърихӣ, воқеъ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон. Номи «Чилдухтарон» ба маънои «Чил духтар» буда, бо афсонае вобаста аст, ки дар бораи чил духтаре нақл мекунад, ки барои наҷот ёфтан аз асорат ба санг табдил ёфтаанд.
Табиат
[вироиш | вироиши манбаъ]Чилдухтарон дар ҷануби Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод ва 80 километр аз маркази шаҳри Кӯлоб[1]. дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат буда, ки дар натиҷаи шамолҳои тӯлонӣ суфта шудаанд[2], ки ба сурати одамон монанданд. Ин маконро манзараҳои зебои кӯҳӣ ва табиати нотакрор иҳота кардаанд.
Ривоят
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар замонҳои хеле қадим тӯдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурӯхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Муъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарӯз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сӯи кӯҳҳои сарбафалак рӯ оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сӯи кӯҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гуруҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сӯи кӯҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд. Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тӯдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рӯ оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рӯ ба рӯ насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанӯз дар қиёманд.[3]
Аҳамияти таърихию фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Чилдухтарон як ҷузъи муҳимми мероси фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин макон дар эҷодиёти шоирон, нависандагон ва рассомони тоҷик нақши муҳим дошта, то ҳол мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон ва муҳаққиқон қарор дорад.
Сайёҳӣ ва инфрасохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Чилдухтарон яке аз маконҳои маъруфи сайёҳии ноҳияи Муъминобод ба шумор меравад. Солҳои охир барои беҳтар кардани инфрасохтори ин макон, аз ҷумла роҳҳо ва ҷойҳои истироҳат, тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Инчунин, барои меҳмонон экскурсияҳо ташкил карда мешаванд. Чилдухтарон яке аз рамзҳои табиат ва мероси фарҳангии Тоҷикистон буда, ҳам сокинони маҳаллӣ ва ҳам сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Чилдухтарон(тоҷ.). mfa.tj. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 ноябри 2021). 22 Январ 2025 санҷида шуд.
- ↑ Кӯҳи Чилдухтарон(тоҷ.). Travel to Tajikistan. 22 Январ 2025 санҷида шуд.
- ↑ Чилдухтарони хатлонӣ(пайванди дастнорас)