Чилҳуҷра
Чилҳуҷра — кӯшки мансуб ба асрҳои 5—9, ки 2,5 км ҷанубтари деҳаи Шаҳристони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд воқеъ аст.
Мушаххасот
[вироиш | вироиши манбаъ]Чилҳуҷра аз охирҳои асри 19 дар илми бостоншиносӣ маълум аст. Солҳои 1961—66 аз тарафи отряди бостоншиносии шимоли Тоҷикистон омӯхта шуд. Чилҳуҷра кушки мураббаъ буда, дар болои теппаи баланд аз хишти хом ва похса бино ёфтааст. Он се давраи сохтмонро аз cap гузаронидааст. Ба давраи якум (асрҳои 5—6) чор хонаи марказӣ, ба Давраи дуюм (асрҳои 6—7) роҳравҳои ғарбӣ, шимолӣ ва шарқӣ, ба давраи сеюм (а. 7— ибт. а. 8) роҳравҳои ҷанубӣ ва ошёнаи дуюм мутааллиқанд. Чилҳуҷра то айёми мо дар ҳолати хуб барҷо мондааст. Бар хилофи анъанаҳои қадимии ҳунари меъмории маҳалли хонаҳои Чилҳуҷра гунбаздори мураббаъ ва мудаввар не, балки зузанашакл сохта шудааст. Атрофи ошёнаи дуюм бо пешайвони кушод иҳота гардида, он то рўзҳои мо маҳфуз мондааст (чунин усули биносозӣ аз кандакории филизот ва тасвироти Панҷакенти Қадим пайдост). Олимон то кашфи Чилҳуҷа чунин мепиндоштанд, ки тромпҳо (як навъ кодокҳои кунҷакӣ) вазифаи равзанро ҳам адо мекарданд ва танҳо дар асрҳои 9—10 (мақбараи Сомониён) пайдо шуданд. Aммо, чунон, ки аён гардид, он ҳанӯз дар а. 7 истифода мешудааст.
Пағнаи Чилҳуҷра, ки ошёнаҳои якуму дуюм ва боми биноро бо ҳам мепайваст, мӯъҷизаи ҳунари меъморист. Он ба гирдогирди сутуни марказии мудаввар печидааст. Дар ёдгориҳои ибтидои асрҳои миёна чунин пағнаҳо дучор намеоянд. Зинаҳои дохили канора ва пештоқи биноҳои аз хишти пухта биноёфта дертар ба ҳамин усул сохта шудаанд.
Аз тарафи ҷануби бинои асосии кӯшк ҳавлии мураббаъ (20×20м) ҷой гирифтааст. Даромадгоҳи он каҷу килеб ва барои мудофиа мувофиқ буда, дар назди дарвоза манори дидбонӣ дорад.
Хонаҳои ошёнаи якуми Чилҳуҷра долонмонанд буда, барои нигоҳ доштани захираи хурокворӣ таъии шудаанд. Ошёиаи дуюм аз толори калон, толори хурд, ибодатгоҳи гунбаздор ва чанд хонаи иқоматӣ иборат будаанд. Хонаҳои хоҷагӣ ва иқоматгоқи хизматгорон қад-қади деворҳои шарқӣ ва ғарбии ҳавлӣ ҷой гирифтаанд.
Бозёфтҳои Чилҳуҷра аҳамияти калони илмӣ доранд. Зарфҳои сафолии ёфтшуда хум, хумча, хурма, дулча, куза, табақ, гуппӣ, дег, чароғи сиёҳ ва ғ. ки басо ҳунармандона сохта шудаанд, аз маҳорати баланди кулолони Истаравшан шаҳодат медиҳанд.
Аз чӯб зарф, дук, кафлес ва ғ. сохтаанд. Асбобҳои филизӣ (табар, корд, пайкон, занҷир), ва биринҷӣ (медалон, зангӯла, дарафш, сагаки тасма ва ғ.), дукҳои чӯбӣ, сангӣ, сафолӣ ва порчаҳои матоъҳои пахтагӣ, пашмӣ, палос ва ғ., донаҳои ғалла (гандум, ҷав, арзан), донакҳои мева (шафтолу, зардолу, олу, писта, ангур, чормағз, зирк) ва устухонн чорвои хонагӣ аз дараҷаи тараққиёти истеҳсоли маснуоти филизӣ, бофандагӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводории Истаравшан гувоҳӣ медиҳанд.
Деворҳои толори калон ва толори хурд бо тасвироти хушобуранг оро ёфтаанд. Гарчи тасвирот аз сухтор ва намӣ хеле зарар дидааст, вале ҳувайдост, ки он ба нигоришоти Панҷакенти Қадим шабоҳат дорад.
Дар Чилҳуҷра се адад бути сӯхтаи чубӣ ёфт шуданд, ки онҳо аз хусуси дар дини зардуштии Осиёи Миёна баробари оташ парастидани бутҳо шаҳодат медиҳанд.
Ангуштаринҳои нуқрагӣ ва биринҷӣ, гушвораҳои биринҷӣ, нигинҳо (аз лаъли Бадахшон ва шиша), муҳраҳо (аз марҷанг, ақиқ, лоҷвард, шиша) маҳсули ҳунари заргарони маҳаллианд. Брактеати аз Чилҳуҷра ёфтшуда дар Осиёи Миёна ҳафтумин аст. Дар он тасвири тосарисинагии ҷавони тоҷпӯши мӯйдароз ва аз ду канор катибаро мебинем. Брактеат осори барҷастаи санъати заргарӣ ва тасвирист.
Қадимтарин асбобҳои мусиқии дар ҳудуди Тоҷикистон бадастомада аз Чилҳуҷайра ёфг шудаанд. Яке аз онҳо наи бачагона аст, ки аз қамиш сохта шуда, шаш сӯрохӣ дорад. Дигаре сараки дастаи уд аст ва ин асбоб чор тор доштааст.
Гаронбаҳотарин бозёфти Чилҳуҷра се тахтачаест, ки дар рўи онҳо бо ранги сиёҳ хат навиштаанд. Ҳуруф ва забони ҳуҷҷат суғдист. Гарчӣ шакли ҳарфҳо ва забони ҳуҷҷатҳои Чилҳуҷра аз ҳуруф ва забони Суғди Самарқанд дар ҷузъиёт фарқ мекунад, вале аз бисёр ҷиҳат бо он умумият дорад.
Яке аз ин ҳуҷҷатҳо забонхатест дар бораи киро кардани харҳо ҳангоми ҷамъоварии ҳосил.
То ин дам дар ҳудуди Истаравшан ягон ҳуҷҷати пурра ва осебнадидае ба даст наомада буд ва олимон роҷеъ ба забон ва хутути истаравшаниҳои қадим дер боз баҳс доштанд. Ҳуҷҷатҳои Чилҳуҷра ин масъаларо пурра ҳал карданд. Маълум шуд, ки истаравшаниҳо бо ҳуруфи суғдӣ навишта, бо яке аз лахҷаҳои маҳаллии забони суғдӣ гап мезадаанд.
Чилҳуҷра асари барҷастаи ҳунари меъмории аҷдоди тоҷикон буда, оид ба таърихи ҳунари меъморӣ, кӯшксозӣ, истеҳкомот, хоҷагӣ, санъати тасвирӣ, заргарӣ, ҳунармаидӣ ва хаттотӣ маълумоти гаронбаҳо дод.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Чилҳуҷра / Ӯ. Пулодов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Пулатов У. П, Чильхуджpa. (Материальная культура Уструшаны, в. 3), Д., 1975.