Ноҳияи Шаҳристон
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Шаҳристон | |
---|---|
39°46′22″ а. шим. 68°49′59″ т. ш.HGЯO | |
Кишвар |
![]() |
Тобеъи | Вилояти Суғд |
Шомили | 2 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Шаҳристон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 29 августи 1990 |
Масоҳат |
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 38 500 [1] нафар нафар (2015) |
Зичӣ | 33,8 нафар/км² |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | SH |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU.SH |
Коди телефон | +992 3445 |
Нишонаи почта | 735800 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 02 TJ |
![]() |
|
![]() |
Ноҳияи Шаҳристон (форсӣ: ناحیۀ شهرستان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳристон (форсӣ: شهرستان) аст ки 102 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Шаҳристон то Душанбе 240 км роҳ аст.
Ҷойгоҳ[вироиш]
Ноҳияи Шаҳристон бо сарзамине 1140 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо шаҳри Истаравшан, дар шарқ — бо ноҳияи Деваштич, дар ҷануб — бо ноҳияи Айнӣ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ғарб бо ноҳияи Зомини вилояти Дизаки Ӯзбекистон ҳаммарз аст.
Мардум[вироиш]
Мардуми ноҳияи Шаҳристон ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Шаҳристон 38 500 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 33,8 кас дар км² буд.[1]
Таърих[вироиш]
Ин ноҳия 29 августи 1990 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Бахшбандӣ[вироиш]
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шаҳристон 1 шаҳрак ва 2 ҷамоат дорад[2]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳристон[3] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Шаҳристон | |||||||||||
Бунҷикат |
Ҳукумат[вироиш]
Сарвари ноҳияи Шаҳристон Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳристон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳристон барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод[вироиш]
Ноҳияи Шаҳристон 2 корхонаи саноатӣ, 202 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 170 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 13 200 га, аз ҷумла 4 100 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия , сабзавот, ғалла ва качолу аст[4].
Маориф ва фарҳанг[вироиш]
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Адабиёт[вироиш]
- Негматов Н. Н., Хмельницкий С. Г., Средневековый Шахристан - Душанбе, 1966 (Ин-т истории им. Дониша. Материальная культура Уструшаны, в. 1).
- Пулатов У. П., Чильхуджра - Душанбе, 1975 (Материальная культура Уструшаны, в. 3).
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
- ↑ Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 30 марти 2011 санҷида шуд.
- ↑ Бахшбандии вилояти Суғд. UN Coordination, Tajikistan. 30 марти 2011 санҷида шуд.
- ↑ Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Спитаман