Чормағз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чормағз
Табақабандии илмӣ
ХАТО: параметри latin пур нашудааст.
Номи байнулмилалии илмӣ
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ ХАТО
Параметри latin пур нашудааст
Каштанҳо

Чормағз — меваи баъзе рустаниҳо (бештар дарахтон), ки сахт буда дар дарунашон мағз доранд.

Боварҳои халқӣ дар бораи чормағз[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъзе боварҳо ба дарахти баланду сербарги чормағз марбут аст. Ба ақидаи мардум, агар касе шаб дар зери он хоб равад, паривара мешудааст, ё худ сиёҳӣ «пахш» мекунад. Ҳатто шабона аз таги дарахти чормағз гузаштан хосияти хуб надорад. Тибқи мушоҳидаи мардумшинос Р.Л. Неменова, дар ноҳияи Варзоб мардум кӯшиш мекарданд, дарахти тари чормағзро набуранд, танҳо баъд аз хушк шудан онро бурида ҳезум кардан мумкин буд. Агар зарур ояд, аз мӯйсафедони табаррук маслиҳату дуо гирифта, сипас дарахтро мебуридаанд. Ҳангоми шинондани ниҳоли чормағз дуо мехонданд ва ҳосили фаровонро талаб менамуданд. Вақте ки соҳиби дарахти чормағз бимирад, мегуфтанд, ки дарахт ҳам азо мегирад ва ҳосил намедиҳад. Барои серҳосил шудани он мардум ба шохҳояш тӯмор меовехтанд, дуо мехонданд ва маросими табартарсонро ба ҷо меоварданд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 18 - 22.