Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарафшон (деҳа, н. Турсунзода)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Чоштеппа)
Деҳа
Зарафшон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Турсунзода
Ҷамоат Деҳоти 10-солагии Истиқлолият
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 196 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3130
Нишонаи почта 737450

Зарафшон (то 14.12.2012 Чоштеппа) — деҳа дар ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ноҳияи Турсунзода. Аз Зарафшон то маркази ҷамоат 18 км, то маркази ноҳия 23 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 196 нафар (2017), тоҷикон.

Таърих ва мардум

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1970 бунёд шуда, аҳолиаш аз деҳаҳои Бойқишлоқ ва Ифтихор кӯчидаанд.

Деҳа китобхона ва муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Шарқ давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо — лалмӣ. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.