Чӯббозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чӯббозӣрақси ҷанговаронаи мардона буда, онро як ё ду нафар иҷро менамоянд.

Тавсифи мухтасар[вироиш | вироиши манбаъ]

Рақс лаҳзаҳои ҷанги сарбоз, шикор, мусобиқаи паҳлавониро таҷассум мекунад. Ба ин рақс ҳаракатҳои дасту бозу, гардишҳои ҷасурона, чархидани босуръат ва таваққуфҳои ногаҳонӣ хос мебошанд. Иҷрокунанда дар дасташ якто чӯби сахти тарошидашударо дошта, онро пушти камар моҳирона тоб медиҳад. Ӯ чӯбро дар дастонаш ба тарзи уфуқӣ дошта, бо пойҳояш пасу пеш қадам ниҳода, андаке ба самти чап ва сипас ба тарафи рост меравад. Чӯбро дар сари китф гузошта, дастонашро ба ду тараф кушода, чӯбро аз ду канорааш медорад ва дар ҳамин ҳолат чарх мезанад. Сипас чӯбро ба тарзи амудӣ ба замин ниҳода, бо як даст онро дошта, гирди чӯб ба тарафи рост давр мезанад. Боз дастҳоро иваз карда, ба тарафи чап гирди чӯб мегардад. Чӯбро баъдан ба дастонаш бардошта, чор маротиба ба тарафи чап ва боз чор маротиба ба тарафи рост чарх мезанад. Чӯббозӣ хоси мардуми кӯҳистон аст, зеро дар гузашта марди кӯҳистонӣ вақте ки аз хона мебаромад, ҳатман бо худ чӯб ё таёқ мегирифт. Чӯбдастро ӯ ҳангоми дар пайраҳаи кӯҳӣ роҳ гаштан, гову гӯсфандонро рондан ва ҳамчун силоҳи одӣ барои муҳофизат аз ҷонварони ваҳшӣ истифода мекард.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 52-53. – 280 с.