Jump to content

Юрмонбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Юрмонбозӣрақси тақлидӣ, тасвиркунандаи ҳаракатҳои ҷонвари хоянда юрмон мебошад ва ҳамчун рақси анъанавии мардона маъмул аст.

Тавсифи мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Он ҳамчун рақси анъанавии мардона маъмул буда, дар рӯзҳои ид, тӯю сур ва маҳфилҳои мардумии кӯҳистон таҳти навозиши доира иҷро мегардад. Рақси юрмонбозӣ аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, табиату шаклу сохт рақси шӯх мебошад. Раққос дар вақти бозӣ бо ҳаракатҳои худ ҳолатҳои гуногуни юрмонро инъикос менамояд. Ӯ бо нӯги ангуштон ва банди дастҳо, ҳаракатҳои китфҳо, ларзидани манаҳ, ҷунбиши пайкар, пойҳо ва ҳаракатҳои дигар рафтори юрмонро тақлид мекунад. Рақс таҳти навозиши доира бо зарбу усули мусиқии 6/8 бо суръати тез иҷро мегардад. Дар рақси юрмонбозӣ иҷрокунанда шабеҳи юрмон усулу бозии гуногуни пойро истифода мекунад: дар як ҷой истода мерақсад; ба тарафи рост ва чап, ба самти пеш ва қафо ҳаракат мекунад; чарх мезанад; бо ду зону нишаста ҳаракатҳои гуногуни китфҳову дастон ва сару пайкарро иҷро менамояд. Ӯ аввал бо пойи рост қадамро пешмегузорад, нӯги пои чапро аз қафо нимқат карда, боз бо пои рост ба пеш қадам мегузорад. Баъдан бо пои чап ин амалро такрор мекунад. Бо ин ҳаракат раққос дар як ҷо давр мезанад ва бо дастҳои кушод ба кунҷи саҳна меояд. Андак пайкарро пеш хам мекунад, ду дастро дар пеши худ ба як дигар наздик рост карда, кафи онҳоро мебардорад ва бо зарби доира дастону китфҳоро якҷоя меҷунбонад ва дар охир як бор чарх мезанад. Дар ин вақт сар ва манаҳи ӯ якҷоя ҳаракат мекунанд, сарро бо гардан рост гирифта, даҳонро кушода, манаҳро ин тараф он тараф меҷунбонад ва ин ҳаракат чанд бор такрор мешавад. Ду дастро пеши худ дошта, ба тарафи рост давр мезанад ва ба ҷои худ бар мегардад. Кафи дастонро мушт карда ба миёнаш мегузорад ва боз андак ба пеш қадам мегузорад. Агарчанде ки баъзе пантомима ва рақсҳои инъикоскунандаи ҳаракатҳои ҷонварон дар шароити имрӯза аз байн рафта бошанд ҳам, хушбахтона рақси юрмонбозӣ то кунун дар баъзе минтақаҳои кишвар вуҷуд дорад. [1]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 50-51. – 280 с.