Jump to content

Шамсулаиммаи Сарахсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шамсулаиммаи Сарахсӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: фақеҳ
Таърихи таваллуд: 1009
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1090 ё 1096
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: ҳанафӣ
Вироиши Викидода

Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмади Сарахсӣ (форсӣ: محمد بن احمد بن ابي سهل ابو بكر السرخسي‎), маъруф ба Шамсулаимаи Сарахсӣ (ар. شمس الأئمة السرخسي‎; 1009, Сараxс, устони Хуросони Разавӣ1090 ё 1096, Фарғона) — донишманд, муҳаддис ва фақеҳи ҳанафимазҳаби форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шамсуддин Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Саҳл/Абусаҳл, маъруф ба Шамсулаиммаи Сарахсӣ улуми диниро назди Шамсулаиммаи Ҳалвонӣ фаро гирифт. Номи ӯ дар «Ҳидоя» батакрор зикр шудааст. Ба сабаби насиҳати хоқони турк дар чоҳе дар ш. Узганди Фарғона зиндонӣ шуд. Шамсулаиммаи Сарахсӣ бузургтарин асари худ «ал-Мабсут»-ро (дар 14 ҷилд) дар зиндони мазкур навишт. Ӯ дар даруни чоҳ аз ёд имло мекард ва шогирдонаш бар сари чоҳ нишаста китобат мекарданд. Шамсулаиммаи Сарахсӣ дар чанд маврид дар китоби «ал-Мабсут» ба ин ҳолати худ ишора кардааст. Мас., дар поини шарҳи ибодот овардааст: «Ин охири шарҳи ибодот буд, ки онро маҳбус аз ҷумъаву ҷамоот бо рӯшантарин маонӣ ва муҷазтарин иборот имло кард». Дар охири китоби талоқ, китоби итоқ ва китоби иқрор низ ибораҳое дар баёни ин моҷаро омадааст.

Муҳаммад ибни Иброҳими Ҳасирӣ, Абуумар, Усмон ибни Алии Байкандӣ, Умар ибни Ҳабиб − бобои модарии соҳиби «Ҳидоя» аз шогирдони Шамсулаиммаи Сарахсӣ буданд. «Шарҳу-л-Ҷомеи-л-кабир»-и имом Муҳаммад, «Шарҳу-с-Сияри-л-кабир»-и ӯ (дар 4 ҷилд), «ан-Нукат» дар шарҳи «Зиёдату-з-зиёдот», «ал-Усул», маъруф ба «Усулу-с-Сарахсӣ» (дар усули фиқҳ) ва «Шарҳу Мухтасари-т-Таҳовӣ» аз осори дигари ӯст.

  • Norman Calder, Jawid Ahmad Mojaddedi, Andrew Rippin, ed. and tr., Classical Islam: A Sourcebook of Religious Literature (Routledge, 2003), p. 210.