Jump to content

Шарифи Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шарифи Табрезӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Шарифи Табрезӣ (форсӣ: شریف تبریزی‎; ? — 1578, Ардабил) — шоири форс-тоҷик, аз шогирдони Лисонии Шерозӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шеъру шоирӣ устодаш шоир Лисонии Табрезӣ будааст. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо («Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисорӣ, «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ ва ғ.) Шарифи Табрезӣ ба ашъори хубу марғуб ва ҳаҷвияҳои нишонрас машҳури давр будааст. Барои як қасидаи ҳаҷвияш ба қатл маҳкум шуда, вале бо тасодуфе раҳо ёфтааст. Девони ашъори Шарифи Табрезӣ боқӣ мондааст. Шарифи Табрезӣ ба мавзӯъҳои ишқу вафо, қавоидхои танқидӣ баъзе норасоиҳои иҷтимоӣ, тарғиби адлу дод, панду насиҳат ва ғайра даст задааст. Забонаш содаю равон мебошад.

Абёти зер аз уст:

На аз дуди дилам тар сохт ҷонон чашми фаттонро,
Барои куштани май дод оби теғи мижгонро
Хабар гӯё надорад аз дили ғамгини сад ҷонам
Насиҳатгӯ, ки монеъ мешавад чоки гиребонро.

Ба Шарифи Табрезӣ инчунин асареро бо номи «Саҳву-л-Лисон» нисбат додаанд.

  • Шарифи Табрезӣ / У. Назиров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).