Шатранҷ
Шатранҷ ва ё шатранҷбозӣ — аз ҳунарҳои бостонии эрониён, ки пешинаи чандинасра дорад; яке аз марғубтарин бозиҳо дар ҷаҳони муосир, ки бо унсурҳои илм, ҳунар ва варзиш тавъам аст
Қавоиди бозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозии шатранҷ ба се бахш: шуруъи бозӣ ё кушоиш (дебют), нимаи бозӣ (мителшпил) ва поёни бозӣ (эндшпил) тақсим мешавад, ки дар ҳар як аз ин марҳилаҳо токтикҳо, истротежикҳо ва сабкҳои гуногуне корбаст мешаванд. Дар рафти бозӣ ҳарифон муҳраҳои худро ба навбат ҳаракат медиҳанд. Бозиро бозикуни дорои муҳраи сафед оғоз мекунад. Ҳар яке аз ду ҷониб дорои 16 муҳраи шатранҷ ҳаст, ки 8 адади он сарбоз ё пиёда ва 8-тои дигар савора ё афсар (шоҳ, вазир, фил, асп ва рух) мебошад. Комёбӣ дар ин варзиши зеҳнӣ ба доштани зеҳни ҳушёр вобаста аст. Навбати ҳаракати бозикун вақтест, ки ҳаракати ҳарифи ӯ анҷом шуда бошад. Ҳадафи ин бозӣ мот кардани ҳариф аст, яъне эҷоди вазъияте, ки шоҳи ҳариф баъд аз киш шудан ҳеч роҳе барои рафъи киш надошта бошад. Бозикуне, ки муваффақ ба ин амр шавад, истилоҳан шоҳи ҳарифро «кишу мот» кардааст ва бозиро бурдааст. Агар мавқеъ (позитсия) тавре бошад, ки ҳич як аз ду бозикун натавонад эҳтимолан кишу мот кунад, бозӣ мусовӣ аст.
Таърихи пайдоиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Ихтирои шатранҷ Дар бисёре аз ривоятҳо зикр шудааст, ки шатранҷро гӯиё ҳиндиҳо ё чиниҳо, ё румиҳову арабҳо ихтироъ кардаанд, ки ин назар саҳеҳ нест. Аз ҷумла, дар чандин донишнома ва китобҳо чунин омадааст, ки гӯиё бозии шатранҷ сохтаи ҳиндиҳост ва аз Ҳинд омадаву ба гӯшаву канори ҷаҳон роҳ ёфтааст. Аммо чунин бардоште бо асноди куҳани таърихӣ ҳамхонӣ надорад. Бино бар баррасиву пажӯҳишҳои ахир собит шудааст, ки ихтироъкори ин ҳунар мардумони эронитаборанд ва мабдаи аслии он сарзамини Варорӯд будааст. Зеро куҳантарин санаде ки аз падидории шатранҷ дар Ҳинд дастрас ҳаст, се қарн пас аз катибаи «Корномаи Ардашери Бобакон» навишта шудааст ва эрониён бисёр пештар аз ҳиндиҳо шатранҷро мешинохтаанд.
Куҳантарин навиштаҳои ҳиндӣ дар бораи шатранҷ, яке «Ҳикояти Субондҳу» (асри 7-и милодӣ) аст ва дар он танҳо ба муҳраҳои шатранҷ ишора шудааст. Дигар, китоби «Достони Боно» (асри 7) мебошад ва дар он аз омӯзиши шатранҷ сухан рафтааст. Дар «Шоҳнома»-ҳои Саъолабӣ (ки мансур аст) ва Фирдавсӣ, ки зоҳиран ҳар ду аз як маъхаз баҳра бурдаанд, ҳиндиҳо падидоварандаи ин бозӣ хонда шудаанд. Чунончи достони фиристодани шатранҷ ба Эрон ва розгушоии он аз сӯи Бузургмеҳр аз дилангезтарин достонҳои бахши таърихии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба шумор меравад. Гуфта шудааст, ки ройи Ҳинд фиристодае ба дарбори Хусрави Анӯшервон бо пешкашҳои гаронбаҳое барои шоҳаншоҳи Эрон роҳӣ мекунад. Ҳамроҳи пешкашҳо тахта ва муҳраҳое буд. Шоҳи Ҳинд навишта буд, ки агар хирадмандони дарбори Эрон рози ин бозиро дарёфтанд, мо боҷу хароҷе, ки шоҳ фармудааст, ба дарбори Эрон хоҳем фиристод. Аммо агар дар баробари дониши мо тоб наёвардед ва дар ин озмун шикаст хӯрдед, шумо бояд ба мо боҷ бипардозед. Фиристодаи ройи Ҳинд сафҳаи шатранҷ ва муҳраҳои дуранги онро, ки сафедаш аз оҷ ва сиёҳи он аз чӯб сохта шуда буд, наздики Анӯшервон гузошт. Анӯшервон он гоҳ доноёни дарборро фаро хонд ва тахтаи шатранҷро дар миён гузошт. Аммо ҳич кадом натавонистанд рози ин бозиро биёбанд. Пас аз гузашти чанд рӯз, чун Бузургмеҳр ба дарбор омад ва шоҳро гирифтаву талхком дид, аз ӯ масъаларо суол кард. Анӯшервон достонро ба ӯ гуфт. Бузургмеҳр ба шоҳ итминон дод, ки рози ин бозиро хоҳад гушуд.
Ба кисро чунин гуфт, к-эй подшоҳ,
Ҷаҳондору бедору фармонраво.
Ман ин нағз бозӣ ба ҷой оварам,
Хирадро бад-ин раҳнамой оварам!
Пас аз як шабонарӯз, Бузургмеҳри хирадманд ба рози бозии шатранҷ пай бурд ва дар баробари фиристодаи Ҳинд ҳама муҳраҳои шатранҷ ва ҷойгоҳи ҳар якро бозгуфт. Анӯшервон аз доноӣ ва хиради Бузургмеҳр чунон шодмон шуд, ки ҷоме пур аз гавҳари шоҳвор ва аспе бо зину барг ба ӯ дод ва вазири донишманди худро офаринҳо гуфт. Фиристодаи шоҳи ҳинд сахт шигифтзада шуда буд:
Ғамӣ шуд фиристодаи Ҳинд сахт,
Бимонд андар он кори ҳушёрбахт.
Шигифт андар он марди ҷоду бимонд,
Дилашро ба андеша андар нишонд.
Ки ин тахти шатранҷ ҳаргиз надид,
На аз кордонони ҳиндӣ шунид.
Чӣ гуна фароз омадаш рой ин?
Ба гетӣ нагирад касе ҷойи ин!
Аммо ин достони «Шоҳнома» бо бандубасти достонияш як афсона аст. Фирдавсӣ ҳатман бо такя ба ривоятҳои шоеъи замони худ онро қаламдод кардааст. Дар ҳоле ки шатранҷ бисёр пештар аз рӯзгори Хусрави Анӯшервон дар Эронзамин маъруфу маъмул будааст. Мадракҳои мустанад гувоҳи он аст, ки эрониён қабл аз даврони Сосониён, яъне наздик ба ду ҳазор сол пеш бо шатранҷ ошно будаанд. Аз лиҳози таърихӣ, дар ҷаҳон куҳантарин санаде, ки дар он аз вожаи «шатранҷ» сухан рафта, китоби «Корномаи Ардашери Бобакон» аст. Ин дастнавишта дар ҳудуди соли 600 милодӣ ба забони паҳлавӣ (дорои 5600 калима) навишта шудааст. Дар замони Ардавони Панҷум, охирин подшоҳи Ашконӣ, шатранҷ мавриди таваҷҷуҳи дарбориёни он замон будааст. Яъне ҳудуди 17 қарн то замони мо, табақоти мумтози Эрони Бостон бо ин ҳунар ошно будаанд. Аз ҷумла дар «Корномаи Ардашери Бобакон» навишта шуда (ба паҳлавӣ): «Ва Ардашер ба ёрии Яздон ба чавгон ва саворӣ, чатранг ва дигар фарҳанг бартарӣ ёфт». Дар ин асар мехонем, ки дар замони Ардавони Панҷум, вопасин подшоҳи Ашконӣ (216–226 м.) дарбориёни Эрон бо ҳам шатранҷ мебохтаанд. Ардавон аз доноёни дарбор хоста буд, ки ойини шикор, чавгон, чатранг (шатранҷ) ва дигар ҳунарҳоро ба Ардашер биёмӯзанд. Яъне ҳадди ақалл, сесад сол пеш аз рӯзгори Анӯшервони Сосонӣ шатранҷ аз бозиҳои маъруфу роиҷ дар Эрон будааст. Ба ҷуз «Корномаи Ардашери Бобакон», боз ду навиштаи дигар ба забони паҳлавӣ дар даст ҳаст, ки ба шатранҷу бозии нард пардохта, дар бораи ин бозӣ огоҳиҳои бисёре додаанд (китоби «Мотикони шатранг (читранг)» ва «Чоршани шатранг» ё худ «Гузориши шатранҷ»).
Абурайҳони Берунӣ, донишманди ҳиндшиноси форсу тоҷик (асри 10), муддате дар Ҳиндустон иқомат дошт ва ӯ забони сонскрит низ медонист. Берунӣ, пас аз баррасӣ (дар «Осору-л-боқия»), ба ин натиҷа расидааст, ки истилоҳи шатранҷ дар ҳазор сол пеш дар Ҳинд форсиву муъарраб будааст, на ҳиндиву сонскрит. Ва шатранҷе, ки дар Ҳинд бозӣ мекардаанд, бо ин шатранҷ фарқ доштааст; дар шатранҷи ҳиндӣ чаҳор тан бозӣ мекардаанд ва дар як суфраи шатранҷ чаҳор шоҳ будаасту вазир надоштааст ва ҳиндиҳо шатранҷро бо тос бозӣ мекардаанд. Гӯиё ин шатранҷ тақлиде аз нарду шатранҷи эрониён буда ва ин бозӣ шабеҳи он чӣ Берунӣ мегӯяд, назди эрониён ривоҷ доштааст. Мадраки дигар Ҷоми тилоии Ҳахоманишӣ аст, ки онро бостоншиноси амрикоӣ Роберт Дайсон дар харобаҳои Ҳасанлӯ (шаҳраки Нақадеҳ, шарқи Эрон) бозёфт кард ва ин ҷом бо номи «Ҷоми Ҳасанлӯ» ҳам маъруф асту қидмати 3200-сола дорад. Дар зери ин ҷом нақши сафҳаи шатранҷ ҳаккокӣ шудааст ва он ҳамчун намунае ба мо расида, ки шатранҷ ҳанӯз дар се ҳазор соли пеш дар рӯзгори фарҳангии аҷдодони мо равнақ доштааст, то он андоза ки ҳатто мояи ороиши ҳар асбобе будааст. Ҳамчунин соли 1972 дар минтақаи Дилварзини водии Сурхон (соли 1972) донаҳои шатранҷ бозёфт шуданд, ки ба аҳди Кушониён мансуб аст. Аз пойтахти қадимии Суғдиён ‒ Афросиёб низ 7 донаи шатранҷ ёфт шуд, ки қидмати онҳо ба дасрҳои 6 ва 7 мерасад. Аз ин рӯ, ривояти «Шоҳнома» дар бораи пайдоиши шатранҷ ва чигунагии ошноии эрониён бо он наметавонад дуруст ва пазируфтанӣ бошад.
Ваҷҳи дуюм, ки шатранҷ аз тафаккури аҷдодони мо падид омада, сохту маънои вожаҳои шатранҷ аст, ки тақрибан ҳама форсии тоҷикиянд. Чунончи «шатранҷ» – ин вожа арабишудаи «шатранг» ё «чатранг»-и порсист. Мураккаб аз ду бахш чатр, чатур (сатур) ба маънойи «чаҳортойӣ» (имрӯза дар забони вахонӣ «цбыр», шуғнӣ «цавор», паштунӣ «салур», русӣ «четыре» ба маънои «чаҳор») ва «анг» ё «ҳанг» ба маънойи радиф ё даста омадааст, яъне маънои шатранҷ – чаҳордаста.
Шоҳ – асоситарин муҳраи шатранҷ , порсӣ, решаи қадими он «хишойасия» (шоҳи шоҳон). Аммо шоҳ дар санскрит «нарпотӣ» ва ба ҳиндию дигар забонҳои наздик ба он «роҷо» гуфта шудааст ва шоҳаншоҳ – маҳороҷо. Дар ҳоле ки ҳиндиҳо баройи шоҳи шатранҷ ҳамон вожайи порсийи шоҳро ба кор мебаранд. Ва чи дар Ҳинд ва чи дар дигар кишварҳои олам ба ин муҳраи шатранҷ (ба забони форсӣ) шоҳ гуфта шудааст.
Вазир – аслан фарзин аст ва ин вожа миёни тоҷикони Осиёи Миёна маъмул мебошад. Дар «Бурҳони қотеъ» ба гунаи «фирз» омадааст ва дар порсийи бостон ин вожа «ферж»,«ферз» ё «фирзон» гуфта шудааст. Пай бурдан душвор нест, ки вожаи вазир аз ин иқтибос шудааст. Фарзин яъне – вазир. Арабҳо ба он ал-фарз ё русҳо ферз гӯянд. Ва сарбоз вожаи ройиҷ нест, балки дурусти он пиёда аст, ки дар русӣ пешка мегӯянд, арабҳо онро байдақ (гунаи арабишудаи ҳамон «пиёда»-и тоҷикӣ мебошад), гӯянд. Вожаҳои «мот» ва «пот» низ порсиянд. «Очмаз» дуруст аст, ки туркӣ, аммо гунаи порсийи он «аруб» мебошад, ки акунун маъмул нест.
Чун шатранҷ пас аз фатҳи императории Сосониён аз ҷаноби арабҳо дар саросари ҷаҳони ислом роиҷ шуд, эрониён ва арабҳо аз асри 9 Аврупо ва Русияро ба ин бозӣ ошно карданд. Ба ҳамин далел дар аксари забонҳои аврупоӣ номи ин бозӣ аз вожаи форсии «шатранҷ» ё «шоҳ» (муҳраи аслии бозӣ) ва номи бештари муҳраҳо ҳам баргирифта аз аз номҳои форсии онҳост. Баъдан дар Аврупо равиши ин бозӣ тағйир ёфт ва пӯётару ҷаззобтар гардид.
Шатранҷ дар таъриху адаби форсӣ. Таҳқиқоти бостоншиносон ва ёдгориҳои хаттӣ гувоҳ бар онанд, ки шатранҷ дар сарзамини мо пешинаи пурравнақе доштааст ва то аҳди Темуриён хеле муравваҷ будааст. Дар илму адабу таърихи классикии тоҷикон ҳудуди дувоздаҳу сездаҳ асри охир аз шатранҷ ба таври фаровон ёдоварӣ ва васф шудааст. Адибони форсигӯй аввалин муаллифонеанд, ки аз диди илмию мантиқӣ ва адабӣ дар боби шатранҷ асар офаридаанд. Ба таври намуна Абурайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» аз шатранҷ сухан мегӯяд, Абуалӣ ибни Сино ҳам рисолае дар шатранҷ тасниф намуда будааст, ки мутаассифона, то замони мо нарасидааст. Бино бар маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, донишманд ва шатранҷии тоҷик, Абулфатҳ ибни Аҳмади Санҷарӣ (асрҳои 11–12) асаре дорад бо номи «Китобу-ш-шатранҷ» (а. 12) – ҳамчун донишномаи махсуси шатранҷ; ва ин китоб 300 мансуб (аксари онҳоро ҷамъ оварда ва бархеро низ ӯ худ таҳийя кардааст) ва даҳ кушоиш ё худ дебюти мухталиф ва низ гуфторҳои гуногун пиромуни шатранҷ, дар боби пайдоиши ин бозӣ ва амсоли инро дар бар гирифтааст, ки баёнгари авҷи санъати шатранҷ дар Мовароуннаҳр мебошад. Муҳаммад ибни Маҳмуди Омулӣ, нависандаи «Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ул-ъуйун» (таълиф 1342, онро ба ҳокими Шероз бахшида), як боби асари худро ба улуми малоъиб ё бозиҳо бахшида, аз ҷумла пиромуни шатранҷ нуктаҳои муҳимм меорад ва ба тафсил, бо тасвирҳову ҷадвалҳои бисёр гӯё, ба муаррифии он пардохтааст.
Ва шояд нахустин бузургустод ва нахустин қаҳрамони мо Алоуддин Алии Шатранҷии Табрезӣ (дар қарни XIV) буда бошад, ки ӯ, бинобар маълумоти қомусҳои муътабар, дар императории Темури Курагон ҳарифу ҳамтое надоштааст ва асаре пиромуни шатранҷ низ таълиф кардааст. Темури Курагон худ шавқманди шатранҷ будааст ва исми фарзанди хешро аз як вожаи шатранҷ – «шоҳрух», баргузидааст. Сиёсатмадорони номдор, аксари бузургони илму ирфону адаби порсӣ дар тули ҳазорсолаҳо шатранҷ ро ба хубӣ медонистаанд ва дар осори илмию адабии хеш аз вижагиҳо ва тарфанду вожаҳои он фаровон истифода кардаанд. Ба т аври мисол, дар китобҳои муътабаре ҳамчун «Шоҳнома», «Вис ва Ромин», «Қобуснома», «Маснавӣ» ва ғазалиёти Мавлоно, дар асарҳои Хайёму Саноию Аттор, Хоқонию Низомӣ, Саъдию Ҳофиз, Кошифию Восифӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, дар осори машҳуре ҳамчун «Ҳазору як шаб» ё «Чаҳор дарвеш» ва ғ., бевосита ё бавосита сухан аз шатранҷу вижагиҳои он омадааст. Адибону олимони тоҷик аз фунуни дилангези шатранҷ ва шигифтиҳои он ҳар гоҳе сухан овардаанд. Чунончи
Касе, к-ӯ ба дониш барад ранҷ беш,
Бифармой, то тахти шатранҷ пеш. Ниҳанду зи ҳар гуна раъй оваранд, Ки ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд.Фирдавсӣ
|
***
Аз асб пиёда шав, бар натъи замин рух неҳ, Зери пайи пилаш бин, шаҳмот шуда Нуъмон. Хоқонӣ
|
***
Он яке бозӣ, ки буд ман бохтам,
Хештанро дар бало андохтам. Дар бало ҳам мечашам лаззоти ӯ, Моти ӯям, моти ӯям, моти ӯ!Мавлоно
|
***
Назадӣ шоҳруху фавт шуд имкон, Ҳофиз,
Чӣ кунам, бозии айём маро ғофилгир кард! Ҳофиз
|
Пас аз даврони Темури Курагон таъассуби мазҳабӣ ва ҳам рукуди маънавӣ боис гаштаааст, ки дар Мовароуннаҳр равнақи шатранҷ бикоҳад. Бо ин вуҷуд, дар баъзе аз мадарасаҳо, ба вижа дар ҳавзаи Ҳинд, илми шатранҷ тадрис мешуд ва бузургони мо ҳамоно ин шуғлро фаро мегирифтанд. Ҳатто дар осори охирин классикони адаби мо – Аҳмади Дониш ва Нақибхони Туғрал (асрҳои 19–20) шатранҷу истилоҳоти он устодона кордбурд шудааст, ки гувоҳи донишу иштиёқи амиқи донишмандону соҳибназарон бо ин ҳунар аст.
Муҳраҳои шатранҷ
[вироиш | вироиши манбаъ]Киш дар шатранҷ мавқеест, ки шоҳ мавриди ҳамлаи фаврии муҳраҳои ҳариф қарор мегирад. Мот мавқее дар шатранҷ аст, ки вақте бозикуне навбати ҳаракати ӯ бошад, роҳе барои фирор аз кишти рақиб намеёбад. Пот ҳамон мавқееро мегӯянд, ки дар он бозикуни дорои навбати ҳаракат натавонад ҳич ҳаракати қонунӣ анҷом диҳад ва дар мавқеияти киш ҳам набошад.
Муҳраҳо бад-ин унвонанд:
Пиёда (сарбоз) заъифтарин муҳраи бозист, ки ҳар кадом аз бозикунон (сиёҳ ё сафед) 8 адад аз он доранд. Пиёда ба ҷуз ҳаракати аввал, ки метавонад ду хона мустақим ба пеш биравад, бақияи ҳаракатҳоро бояд як хона-як хона анҷом диҳад. Пиёда баъд аз расидан ба охирин уфуқ дар майдони ҳариф, бино бар хости бозикун, боястӣ ба як муҳраи дигар (ба ҷуз шоҳ) табдил бишавад. Пиёда танҳо муҳраест, ки ҳамон гуна ки ҳаракат мекунад (мустақим ба пеш), муҳраи ҳарифро намегирад, балки муҳраҳоеро, ки дар пешорӯ, дар ду хонаи чапу росташ ҳастанд, мегирад, яъне мустақим мераваду каҷ мезанад.
Фил (расм) яке аз саворҳои сабуки бозии шатранҷ аст, ки тақрибан бapoбapи се пиёда арзиш дорад. Он муҳраи дурзан аст, метавонад, ки дур аз пиёдаи рақиб бошаду нагузорад, ки он ба пеш ҳаракат кунад. Ҳар тарафи сиёҳ ё сафед ду фил доранд, ки дар тахтаи шатранҷ яке аз онҳо дар хонаи сафед ва дигарӣ дар сиёҳ ҷой мегирад. Ба ҳамин далел яке аз онҳо фили сафед ва дигарӣ фили сиёҳ номида мешавад. Муҳимтарин хоссияти фил ин аст, ки вай дигар муҳраҳои дар хатти қутрии хеш ҷогирифтаро тавони побанд кардан дорад. Фарзин ё рухи рақибро дар роҳи фил будан хатар дорад ва асп ҳам, ки дар «тиррас»-и фил қарор дорад, наметавонад ба вай осебе бирасонад. Камабуди аслии фил он аст, ки ба ниме аз хонаҳои майдон дастрасӣ надорад.
Асб (расм) ба монанди фил савори сабук шумурда мешавад ва он ҳам баробари се пиёда арзиш дорад. Ҳаракати асб ба сурати ду хона ба самтҳои пеш, ақиб, рост ва чап хоҳад буд. Ҳаракаташ ба монанд ҳарфи Г-и кириллӣ аст. Асп агар дар миёнаи майдон ҷой гирифта бошад, ҳашт хона таҳти тасаллути ӯст, аммо агар дар кунҷ бошад, – фақат ду хона. Бад-ин тартиб, асп дар миёнаи майдон тавонотар аст.
Рух (расм) ҳамроҳ бо фарзин савораи сангин номида мешавад ва аз воҳидҳои неруманди майдони разм аст. Рух ҳам аз фил ва ҳам аз асп қавитар аст. Тақрибан баробари панҷ пиёда арзиш дорад. Рух муҳраи дурзан ва бодпост. Вай бо чобукӣ аз як гӯшаи майдон ба гӯшаи дигар меравад ва қудрат дорад, ки аз дуриҳо зарба занад. Ва боз бо як вижагии хеш фарқкунанда аст: хонаҳои зери ҳадафи рух новобаста ба макони истиқрори ӯст. Фарқ надорад, ки рух дар кунҷ меистад ва ё дар маркази саҳна – хоҳу нохоҳ вай 14 хонаро таҳти тиррас қарор медиҳад.
Фарзин ё ки вазир (расм), қавитарин муҳраи лашкари шатранҷ аст. Тамоми пиёдаҳо дар як саф камтар аз фарзине арзиш доранд. Фарзин дар саҳнаи ҷанг гирдбодосо ёлу бол мезанад, вай бо истифода аз заъфи муҳраҳои ҳариф, бо роҳатӣ калиди маҳви онҳоро пайдо мекунад: рухро фарзин метавонад қутрӣ побанд кунад, филро – амудӣ ё уфуқӣ. Фарзин дар бозӣ, одатан, қавитар аз як руху фил (ҳамроҳ) аст. Вай дар қиёс бо дигар муҳраҳо бештари заработи дугонаро мезанад. Фарзин, ба вижа, ҳамон вақт хатарноктар хоҳад буд, ки лашкар (муҳраҳо)-и ҳариф дар рӯи сафҳа паҳну пареш бошад. Фарзин афзалтарин муҳра баҳри моти ҳариф аст. Ба ин хотир подшоҳон аз он ҳароси зиёд доранд.
Шоҳ (расм) ҳаётитарин муҳраи бозӣ аст, ки ҳузури тамоми муҳраҳои шатранҷ барои дифоъ аз шоҳи худ ва ҳамла ва ё тахриби мустақим ва ё ғайри мустақими шоҳи ҳариф аст. Шоҳ фақат метавонад, ки ба тамоми хонаҳои муҷовири худ биравад. Байни ду шоҳ ҳамеша бояд, лоақалл, як хона фосила бошад. Дар сурати ҳамла ба шоҳ (киш додан) аз сӯи муҳраҳои рақиб се роҳ барои рафъи киш вуҷуд дорад: 1. ҳаракат додани шоҳ (фирор кардан); 2. гирифтани муҳраи таҳдидкунанда; 3. гузоштани монеъ дар масири таҳдиди муҳраи таҳдидкунанда (бо муҳраи худӣ сипар кардани киши рақиб).
Муҳраҳо мухтасаран чунин ифода меёбанд:
♔♔ – шоҳ (ба инглисӣ: K – king),
♕♕ – фарзин (Q – queen),
♖♖ – рух (R – rokh),
♗♗ – пил ё фил (B – bishop),
♘♘ – асп (Kn – knight),
Пиёда бо ҳарф ифода намешавад.
Қалъа рафтан усулест, ки чи сафедҳо ва чи сиёҳҳо ҳақ доранд, ки бо истифода аз он дар рафти бозӣ гашти дугонае ба ҷо оранд.
Мусобиқоти ҷаҳонии шатранҷ
[вироиш | вироиши манбаъ]Густариши шатранҷ дар ҷаҳон. Рушди сареъи шатранҷ аз а. 18 дар Аврупо оғоз гардид. Дар ин давра Фаронса ба қудрати бузурги шатранҷ дар ҷаҳон табдил шуд. Андре Филидори фаронсавӣ беҳтарин шатранҷии ҷаҳон ба шумор мерафт. Аммо дар а. 19 Лондон ба маркази бузурги шатранҷ дар ҷаҳон табдил ёфт. Дар ин ҷо бори нахусти бошгоҳҳои шатранҷ бунёдгузорӣ шуданд, ҳамчунин таълифи китобҳои гуногуне дар бораи шатранҷ равнақ гирифт ва рӯзномаю моҳномаҳҳо бахшҳои муҳимме аз нашрияи худро ба ин бозӣ ихтисос доданд, то маҳбубияти шатранҷ афзун гашт. шатранҷ дар Олмону Маҷористон ҳам алоқамандони зиёде пайдо кард. Миёни шаҳрҳои Аврупо мусобиқоти мухталифе анҷом шуд. Дар соли 1858 шатранҷии номии амрикоӣ, Поул Морфӣ ситораи шатранҷи Аврупо Адолф Андерсенро шикаст дод. Морфӣ аз нобиғагони шатранҷ буд ва то поёни зидагияш касе ӯро натавонист мағлуб кунад; ӯ дар барқарории қавонини раҳбурди (стратегӣ)-и шатранҷ дар мавқеъҳои боз бузургтарин саҳм гузошт.
Расман мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷи ҷаҳон дар охирҳои а. 19 бунёдгузорӣ шуд. Аввалин мусобиқаи рсмии қаҳармонии ҷаҳон соли 1886 дар ИМА баргузор гардид; ғолиби он Вилҳелм Стейнитзи австриягӣ нахустин қаҳрамони шатарнҷи ҷаҳон эълом гардид. Аз он замон то кунун танҳо 16 шатарнҷӣ ин унвонро ба даст овардаанд: В. Стейнитз, Э. Ласкер, Х. Р. Капабланка, А. Алехин, М. Эйве, М. Ботвинник, В. Смислов, М. Тал, Т. Петросиён, Б. Спасский, Р. Фишер, А. Карпов, Г. Каспаров, В. Крамник, В. Ананд, М. Карлсен.
Мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи ҷаҳони занон дар соли 1927 бунёдгузорӣ шуд, ки нахустин қаҳрамон дар миёни занон Вера Менчик, бонуи шатранҷии кишвари Чехия буд.
Дар соли 1924 Созмони Байнулмилалии Шатранҷи Ҷаҳон (FIDE) бунён ёфт ва мусобиқоти шатранҷ тадриҷан бештару мутанавеътар шуданд. Аммо рақобатҳои байнулмилалии шатранҷ дар тули Ҷанги ҷаҳонии дуюм мутаваққиф шуд. Дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуюм зиндониёни олмонӣ бештари вақти худро сарфи шатранҷ мекарданд. Онҳо шатранҷро аз шамъ ва чӯб месохтанд.
Пас аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм FIDE масъулияти баргузории рақобати қаҳрамонии шатранҷи ҷаҳонро бар уҳда гирифт. То кунун 170 федератсиуни миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, узви FIDE шуданд ва ин созмонро ба яке аз бузургтарин ниҳодҳои варзишии ҷаҳон табдил кардаанд.
Аз соли 1927 Олимпиоди шатаранҷ байни байни дастаҳои миллии кишварҳои мухталифи дунё баргузор мешавад. FIDE ҳамчунин дараҷаҳое, чун устоди байнулмилалӣ ва устоди бузург (гроссмейстер)-ро ба беҳтарин шатранҷбозони дунё эҳдо мекунад. Устоди бузург пас аз қаҳрамони ҷаҳон, муътабартарин унвонест, ки як шатранҷӣ метавонад ба даст оварад. Ҳам занон ва ҳам мардон имкон касби унвони қаҳрамонии шатаранҷи ҷаҳон ва дарёфти дараҷоти устодиро доранд. Зимнан, нахустин бор Николайи Дувум, подшоҳи Русия, дар соли 1914 гурӯҳе аз беҳтарин шартанҷбозони дунёро устоди бузург номид.
Дар даврони пас аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм Шатранҷбозони Шуравӣ ба қудрати берақиби шатранҷи ҷаҳон табдил шуда буданд. То соли 1972 тамоми рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон байни намояндагони ин кишвар баргузор шуда буд. Аммо Бобби Фишери амрикоӣ, ки беҳтарин шатранҷбози дунё эътироф шудааст, ин унвонро аз шуравиҳо бозгирифт.
Навъҳои бозӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар асри имрӯз шатранҷ ба таври сареъ пешрафт мекунад, навъҳои гуногуни шатранҷ таваҷҷуҳи мардумонро ба худ ҷалб карда, ҳамчунин мусобиқоти мухталиф дар ҳар намуди он баргузор мешавад. Аз ҷумла:
- Бозии барқосо ё худ блитс
- Бозии чашмбаста ё бозии нодид
Тадриси шатранҷ дар мактабҳо. шатранҷ дар ҳар даврае тавонистааст, ки дар рушди зеҳнию ақлонии ҳам бузургону ҳам наврасону шогирдони мактаб низ таъсири хубу пурсамар расонад. Дар бисёре аз мамолики пешрафтаи ҷаҳон (Русия, ИМА, Олмон. Укроину Молдова, Сербистон, Испания, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Малайзия ва амсоли он) дарси шатранҷ ҷузве аз барномаҳои тадрисии макотиби ҳамагонӣ гаштааст.
Шатранҷбозӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон низ, ки дар даврони Шуравӣ Федератсиюни Шоҳмот таъсис ёфт ва шатранҷ бо суръат рушд кард, анун ба шарофати соҳибистиқлолӣ ин шуғл ҳамчун яке аз ҳунарҳои миллӣ мақоми арзанда пайдо кардааст. Чанд дастур барои омӯзиши ин фанн мунташир шуд. Ҳамчунин ҷорӣ намудани омӯзиши ҳатмии ин шуғл дар мактабҳои ҳамагонии кишвар, яке аз ибтикороти бузург баҳри такомули фикрии шогирдон ба шумор меравад. Маҳз бо ҳамин ҷиҳатҳои ақлу хирадороии шатранҷ, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2017 дар паёми солонаи хеш дар рӯзи оғози таҳсил, нуктапардозона таъкид карданд, ки ҷавонони мо, шогирдони мактаби мо бояд ин бозиро омӯзанду аз бар кунанд, то рушди зеҳнии баркамолтар ёбанд. Дар ин паём аз ҷумла ба Вазорати маориф ва илми кишвар дастур дода шуд, ки дар мактабҳои миёнаи кишвар дарси шатранҷ ҷорӣ гардад. Ҳоло дар барномаи таълимии мактабҳои Тоҷикистон низ дарси шатарнҷ ҷой дорад ва омӯзиши он дар якчанд мактабу литсеҳои махсус ба роҳ монда шудааст. Июни соли 2019 низ бори нахуст мусобиқаи ҷумҳуриявии шатарнҷи Ҷоми Пешвои миллат дар чаҳор марҳала миёни ҷавонону бузургсолон роҳандозӣ шуд, ки марҳилаи ниҳоии он аз 1 то 5 октябр, дар пойтахт, ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд. Ин ибтикорҳову тадбирҳо, бешубҳа, дар равнақи шатарнҷ дар кишвар мусоидати нек мекунанд. Дар Тоҷикистон даҳҳо маҳфили шатранҷ амал мекунад ва дастаи миллии кишвар (ҳам мардону ҳам бонувон) дар мусобиқоти гуногуни ҷаҳонӣ ва дар Олимпиадаи шатарнҷи Ҷаҳон ширкат меварзанд Шатранҷбози тоҷик, Фаррух Амонатов унвони баланди гроссмейстери байнулмилиро дорад ва дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ барои кишварамон ифтихорофаринӣ мекунад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик. (С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 12; Д., 1976.)
- Шахматы. Энциклопедический словарь, М. 1990;
- Фирдавсӣ. Шоҳнома. Д., 1987, 1991;
- Авербах Ю., Бейлин М. Путешествие в шахматное королевство. М., 2006;
- Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадмитарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Д., 2020;
- Обид Шакурзода. Шатранҷ. ЭМТ. 2023.