Jump to content

Шаҳзода Назарзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шаҳзодаи Самарқандӣ)
Шаҳзода Назарзода
Шаҳзода Назарова (Назарзода)
Таърихи таваллуд: 19 ноябр 1975(1975-11-19) (49 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор
Жанр: роман, пубилитсистика, ҳикоя, шеър
Забони осор: тоҷикӣ

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарова) — адиб ва хабарнигори маъруфи тоҷик, ки ҳоло дар Ҳолланд кору зиндагӣ мекунад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳзодаи Самарқандӣ фориғуттаҳсили факултети забон ва суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Романи нави Шаҳзодаи Самарқандӣ бо номи "Регистон" чоп шуд. Ӯ гуфт, ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки Шӯравии собиқ фурӯ пошид ва он вақт тоҷикони Самарқанд дар чӣ ҳол буданд. Ин достони таърихӣ нест ва фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар доираи робитаи ошиқонаи як духтари самарқандӣ бо устод ва дӯсти дигараш баён шудааст. "Як достони ошиқонаи сегона ҳаст. Дар ин асар тасвир шудааст, ки инҳо дар фазои пулисиву амниятии Шӯравӣ чигуна ба якдигар кумак мекунанд, чигуна талош мекунанд, ки мушкилоти якдигарро бартараф намоянд", - афзуд Шаҳзодаи Самарқандӣ. Ин китоб ҳоло бо хатти форсӣ нашр шуда, ба қавли Шаҳзода, нусхаи он бо кириллӣ низ ба зудӣ дастраси хонандаҳо хоҳад шуд. Аз ин пеш Шаҳзода романи "Синдроми Стокҳолм" ва "Замини модарон"-ро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр карда буд.[1]. Ӯ дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузашта, дар филми сохтаи Меҳдии Ҷомӣ бо номи "Чархо фалак" ба унвони ровӣ ҳузур дорад.[2].

Аз чап ба рост: Дилшоди Фарҳодзод, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҳазрат Сабоҳӣ, Шаҳода Назарзода
  • Регистон (Румон), 290 с. H&S Media, 2017. ISBN 978-1780836744
  • Синдроми Стокҳолм (Новелла, 104 с. H&S Media, 2007-2009. - Порис, Лондон,2016 ISBN 978-1780836676
  • Замини модарон (Румон), 148 с. H&S Media (November 15, 2013). - Лондон, 2010 ISBN 978-1780833156
  • Китоби савтӣ бо садои нависанда
  • Дар сояи сафар (Маҷмӯаи шеър). - Самарқанд, 2005
  • Сабри Санг (Маҷмӯаи шеър). - Самарқанд, 1994
  1. "Регистон"-и Шаҳзода нашр шуд. Радиои Озодӣ. 5 ноябри 2016 санҷида шуд.
  2. "Замини модарон"-и Шаҳзода дар маҳфили достонхонии Амстердам. Радиои Озодӣ. 22 августи 2017 санҷида шуд.