Ҳазрат Сабоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳазрат Сабоҳӣ
Ҳазрат Сабоҳӣ
Тахаллусҳо:

Сабоҳӣ

Санаи таваллуд:

15 декабр 1948(1948-12-15) (70 сол)

Зодгоҳ:

Самарқанд

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

рӯзноманигор, санъатшинос, тарҷумон

Солҳои эҷод:

1971 -

Забони осор:

тоҷикӣ,русӣ

Аз чап ба рост: Дилшоди Фарҳодзод, Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҳазрат Сабоҳӣ, Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарзода)

Ҳазрат Сабоҳӣ - рӯзноманигор, санъатшинос, тарҷумон. Узви Иттиҳодияи журналистон (1974), Иттиҳодияи кинематографистон (1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011) мебошад. Номзади илми санъатшиносӣ (1980). Дорандаи ҷоизаи “Китоби беҳтарини соли 1988 дар бахши санъатшиносӣ” (Москва, 1988).

Зиндагинома[вироиш]

Ҳазрат Сабоҳӣ 15 декабри соли 1948 дар гузари Чорраҳаи ш. Самарқанд ба дунё омадааст. Шӯъбаи журналистии факултети филилогияи УДТ ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1971). Ходими адабӣ, мудири шӯъбаи адабиёт ва санъат, котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло – «Ҷавонони Тоҷикистон»; 1971-1976). Пас аз хатми аспирантура (1979) ходими хурд ва калони илмӣ (1979-1983), ходими пешбари илмӣ (1987-1994), мудири шуъбаи таърихи санъат дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1984-1997). Тарҷумон дар гурӯҳи мушовирони вазорату муассисаҳои давлатии Афғонистон (1983-1987). Котиби масъули рӯзномаи “Овози Самарқанд” (1997-2000), тарҷумони Созмони садо ва симои Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон (2000 -2011). Аз с. 2011 – муҳаррир ва мутарҷими Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳоло дар Самарқанд кору зиндагӣ дорад. Ҳамсари ӯ рӯзноманигор ва шоира Маҳбуба Неъматзода аст.

Эҷодиёт[вироиш]

Муаллифи китобҳои «Таҷассуми кинематографии осори устод С. Айнӣ» (1979), «Грани экранизации» (1987; соли 1988) сазовори Ҷоизаи «Китоби сол» дар бахши санъатшиносӣ гардидааст), «Шоҳнома» дар осори ҳунарӣ» (Самарқанд, 1998), «Симоҳои ҷовид» (2003), китобчаҳои ҳикоёти таърихӣ барои бачаҳо – «Спитамони Зардушт», «Спитамони Суғдӣ», «Ғӯрак», «Деваштич», «Хуршеди Корзанҷӣ», «Хурдоди Хоразмӣ», «Сумбоди Муғ», «Устод Сис», «Муқаннаъ», «Тоҳири Фушанҷӣ», «Яъқуби Лайс», «Исмоили Сомонӣ» (2010-2011) ва яке аз мураттибони «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат» (2003) мебошад. Ашъори Хубии Самарқандиро таҳти унвони «Авроқи носӯхта» (Самарқанд, 1997; дар алифбои кириллӣ ва форсӣ), мунтахаботи Вофии Самарқандиро бо номи «Армуғон» (Самарқанд, 1999; ба хатти кириллӣ ва форсӣ), ҳамчунин, девони ашъори Орифи Гулханӣ (Самарқанд, 2000)-ро бо пешгуфтори муфассалу тавзеҳот тадвин ва чоп кардааст. Барои донишомӯзони синфҳои 4-уми мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон китоби хонише таҳия намудааст, ки дар бахши тоҷикии нашриёти «Ӯзбекистон» (Тошканд) аз соли 2003 то имрӯз ба табъ мерасад. Бештар аз 100 мақолаи илмӣ, тақриз ва навиштаҳои дигари Ҳазрат Сабоҳӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Украина ва Литва чоп шудаанд. Як силсила мақола, рисола ва китобҳои дарсиро дар бахши санъат ба тоҷикӣ гардондааст. Дар сайтҳои «Сентр-Азия» (Русия) ва «Бозтоб» (Эрон) 12 мақолаи ҷавобияи вай ба таҳрифкунандагони таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик эълом шудааст.[1]

Намунаи осор[вироиш]

  • Таҷассуми кинематографии осори С. Айнӣ - Душанбе: «Ирфон», 1979,
  • Грани экранизатсии - Душанбе: Дониш, 1987,
  • Шоҳнома” дар осори ҳунар – Самарқанд: «Суғдиён», 1997,
  • Симоҳои ҷовид - Душанбе: «Адиб», 2002,
  • Зардушти Спитамон. - Душанбе: «Адиб», 2009,
  • Спитамони Суғдӣ. - Душанбе: «Адиб», 2009,
  • Хуршеди Корзанҷӣ. - Душанбе: «Адиб», 2009,
  • Деваштич. - Душанбе: «Адиб», 2009,
  • Ғӯрак. - Душанбе: «Адиб», 2009,
  • Муқаннаъ. - Душанбе: «Адиб», 2010,
  • Тоҳири Фушанҷӣ. - Душанбе: «Адиб», 2010,
  • Яъқуби Лайс. - Душанбе: «Адиб», 2010,
мураттиби девони
  • Хубии Самарқандӣ “Авроқи носӯхта” – Самарқанд:«Суғдиён», 1997,
  • Вофсии Самарқандӣ “Армуғон” - Самарқанд:«Суғдиён», 1999 ва диг.

Яке аз тартибдиҳандагони Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. - Душанбе: ЭМТ, 2004.

Ашъораш дар маҷмӯаи “Аз Самарқанди чу қанд” - Теҳрон, 2006 чоп шудааст. Китобҳои «Низоми сиёсии империализми муосир» - М.:Прогресс, 1988, “Санъати тасвирии Тоҷикистон” - Душанбе:«Адиб», 1989, “Дастури таълими санъати тасвирӣ” (барои омӯзгорон). - Душанбе:«Маориф», 1989 ва ғ.-ро ба дарӣ ва тоҷикӣ тарҷума намудааст.[2]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 204-205
  2. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, - С.113. ISBN 978-99947-958-2-6

Пайвандҳои беруна[вироиш]