Jump to content

Шаҳлут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шаҳлут, шоҳлут

Як навъ хӯроки миллии қадимаи тоҷикон. Шаҳлутро чунин мепазанд: дилу ҷигар, гурда, баъзан шуш ва гӯшту дунбаи гӯсфандро реза мекунанд, сипас қимаи тайёршудро ба чарбуи рӯйи ишқамбаи гӯсфанд печонида, бо ришта мебанданд. Дар дег каме об гирифта, пиёз, биринҷ, намак, мурч, зира ва кабудӣ илова карда, мепазанд. Шаҳлутро ҳам гармогарм ва ҳам хунук карда истеъмол мекунанд. Дар водии Ҳисор нимфаъол аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Шаҳлут // Энсиклопедияи соетии тоҷик, Ҷ.8,. – Душанбе, 1988, с.199.[1]


  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 163