Шералӣ Гул
| |
1 декабр 2006 — 2013 | |
|
|
Таваллуд | 20 феврал 1950 (74 сол) |
Фарзандон | Ashrafjon Gulov[d][1] |
Шералӣ Гул (20 феврали 1950, ноҳияи Фархор) — ходими давлатӣ, Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Зандагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шералӣ Гул 20 феврали соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1974 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм намудааст. Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишкада соли 1974 ба сифати муҳандиси корҳои соҳилмустаҳкамкунии идораи системаи обёрии ноҳияи Фархор оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои сардори қитъаи идораи системаи обёрии Фархор-Чӯбек, сардори колоннаи механиконидашудаи рақами 44-и ноҳияи Москва, муҳандиси калони колоннаи механиконидашудаи рақами 11-и трести «Кулобводстрой», сардори колоннаи механиконидашудаи трести «Данғараводстрой» кор кардааст. Солҳои 1994—2001 ба сифати раиси ноҳияи Данғара адои вазифа намудааст. Солҳои 2001—2006 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои
- Исмоили Сомонӣ дараҷаи II,
- Шараф,
- унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон,
- Ифтихорномаи фахрии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.