Шералӣ Гул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шералӣ Гулов)
Jump to navigation Jump to search
Шералӣ Гул
Шералӣ Гул
Таваллуд

20 феврали соли 1950
ноҳияи Фархор

Шералӣ Гул — собиқ Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зандагинома[вироиш]

Шералӣ Гул 20 феврали соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1974 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми Донишкада соли 1974 ба сифати муҳандиси корҳои соҳилмустаҳкамкунии идораи системаи обёрии ноҳияи Фархор оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои сардори қитъаи идораи системаи обёрии Фархор-Чӯбек, сардори колоннаи механиконидашудаи рақами 44-и ноҳияи Москва, муҳандиси калони колоннаи механиконидашудаи рақами 11-и трести «Кулобводстрой», сардори колоннаи механиконидашудаи трести «Данғараводстрой» кор кардааст. Солҳои 19942001 ба сифати раиси ноҳияи Данғара адои вазифа намудааст. Солҳои 20012006 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Мукофот[вироиш]

Бо орденҳои

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]