Шерғозӣ Абдулофизов
Шерғозӣ Абдулофизов | |
Таърихи таваллуд: | 1947 |
Зодгоҳ: | Хоруғ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | риёзиёт |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
Алма-матер: | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко |
Ҷоизаҳо: | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Шерғозӣ Абдулофизов (тав. 1947, ш. Хоруғ) – риёзидон, омӯзгор, номзади илмҳои физика математика, дотсент.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Шерғозӣ Абдулофизов солҳои 1963–1967 дар факултети физикаву математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1967–1968 муаллими физика-математикаи мактаби миёнаи №6 ш. Хоруғ буд. Солҳои 1969–1975 ҳамчун муаллими кафедраи анализи математикии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко фаъолият намудааст. Солҳои 1975–1978 аспиранти Донишкадаи омӯзгории ба номи Герсини ш. Ленинград, 1978–1989 муаллими калон, 1989–1992 дотсенти кафедраи анализи математикии донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Аз соли 1992 то ба имрӯз ба ҳайси дотсенти факултети математикаи Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият дорад. Инчунин вазифаи муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба корҳои тарбиявӣ ва илмиро ба уҳда дорад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон»,сарфароз шудааст.
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад аз ҷумла "Нишондоди методӣ оид ба ҳалли мисол ва масъалаҳо аз анализи математикӣ". Қисми 4. - Хоруғ, 2007 ва диг.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хоруғ
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Риёзидонони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон