Jump to content

Ширин Амонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ширин Амонзода
Амонова Ширин Шодиевна
Таърихи таваллуд 5 феврал 1978(1978-02-05) (46 сол)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2008)

Ширин Амонзода (Амонова Ширин Шодиевна; тав. 5 феврали 1978, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос, номзади илмҳои филология (2004). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ширин Амонзода солҳои 1994—1999 дар факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро соли 1999 дар кафедраи методикаи таълими забони хориҷии донишгоҳи омӯзгорӣ шурӯъ намудааст. Солҳои 1999—2001 аспиранти донишгоҳи номбурда буд. Солҳои 2001—2002 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати СММ, 2002—2004 дар Кумитаи Шветсиягӣ оид ба Афғонистон, 2004 дар Комиссарияти Олии кор бо паноҳандагони СММ, 2005 дар Намоишгоҳи Байналмилалии ЭКСПО-2005 Ҷопон ва аз соли 2006 инҷониб дар Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. То ба имрӯз дар кафедраи типологияи муқоисавӣ ва забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси ҳамкор фаъолият мекунад. Аз 3 ноябри 2020 то 5 январи 2023 дар вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст[1].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англисро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор додааст.

Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2008) мебошад.

  • Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар Англия ва Амрико, Д., 2009.