Ширин Амонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ширин Амонова
Ширин Шодиевна Амонова
Санаи таваллуд:

13 сентябр 1955(1955-09-13) (63 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев

Ҷоизаҳо:

Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2008)

Ширин Шодиевна Амонова (тав. 22. 10. 1978, ш. Душанбе), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2004). Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2008

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1994–1999 дар факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 дар кафедраи методикаи таълими забони хориҷии донишгоҳи омӯзгорӣ шурӯъ намудааст. Солҳои 1999–2001 аспиранти донишгоҳи номбурда буд. Солҳои 2001–2002 дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷирати СММ, 2002–2004 дар Кумитаи Шветсиягӣ оид ба Афғонистон, 2004 дар Комиссарияти Олии кор бо паноҳандагони СММ, 2005 дар Намоишгоҳи Байналмилалии ЭКСПО–2005 Ҷопон ва аз соли 2006 инҷониб дар Раёсати робитаҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. То ба имрӯз дар кафедраи типологияи муқоисавӣ ва забони англисии факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси ҳамкор фаъолият мекунад. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англисро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор додааст. Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2008) мебошад.

Осор[вироиш]

  • Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар Англия ва Амрико, Д., 2009.

Пайвандҳои беруна[вироиш]