Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Шоазиз Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоазиз Азизов
Азизов Шоазиз Самиевич
Таърихи таваллуд 10 ноябр 1953(1953-11-10) (71 сол)
Зодгоҳ шаҳри Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Вазорати саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати ш. Душанбе, Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо

Шоазиз Самиевич Азизов (тав. 19 ноябри 1953, Душанбе) — кимиёдони тоҷик, номзади илми кимиё, профессор. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2020), дорандаи нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоазиз Самиевич Азизов хатмкардаи донишкадаи иқтисод ва мудирияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975) ва донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2004) аст. Солҳои 1975 – 1986 дар Вазорати саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муҳандис, муҳандиси калон, мудири сектор, муҳандиси пешбар, 1987 – 1990 дар Вазорати манзилию хоҷагии коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мудир, мудири шуъба, мудири истгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ, сардори шуъба, 1990- 1991 дар Ҳукумати шаҳри Душанбе дар вазифаи мутахассиси дараҷаи якум ва солҳои 1991 – 1993 дар вазифаҳои мудири ширкат, намояндаи Иттифоқи иҷоракорон ва соҳибкорони Тоҷикистон дар Русия, 1993 – 1996 мушовири шуъбаи тоҷикистонии бунёди байнулмилалии «Ислоҳот» кор кардааст. Аз 1996 то 2014 дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симати муовини сардори Раёсат, муовини сардори дидбонгоҳи гумрук, сардори кафедра хидмат кардааст. Аз соли 2013 то кунун дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ дотсенти кафедраи «мудирияти молӣ», мудири кафедраи умумидонишгоҳии «Назарияи иқтисодӣ» (2014 – 2019) ва сипас професори ҳамин кафедра кор мекунад. Вай бп кишварҳои Арабистони Саудӣ (соли 1993), Миср, Исроил (1995), Туркия, Аморати муттаҳидаи Араб, Финландия, Эстония, Латвия, Литва, Қазоқистон, Русия сафарҳои хидматӣ дошта ва дар давраҳои бозомӯзӣ, ҳамоишу ҳамандешиҳои байнулмиллалӣ ширкат ва суханронӣ карда, гувоҳиномаҳои 42 созмони байнулмилалиро дарёфт кардааст. Савияи касбӣ ва маҳорати кории худро дар Академияи пулиси Туркия, Академияи мубориза бо маводи муходири Туркия, Академияи марзбонии Финландия, Вазорати молияи Эстония, Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ барои таъмини амнияти миллӣ, иқтисодӣ, амнияти биологӣ, экологӣ ва ҳастаӣ, ҳамчунин, назорати содирот ва корбурди техникаи назорати гумрукӣ дар марзҳо сайқал додааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоазиз Азизов 14 китоби дарсӣ, 16 дастури методӣ-таълимӣ, 17 барномаи таълимию методӣ ва силлабус, 43 мақолаи илмӣ, 7 мақолаи маърифатию оммавӣ таҳия ва ба нашр расонидааст.

  • Формирование и развитие информационных таможенных услуг в Республике Таджикистан. Д., 2020 (ҳаммуаллиф);
  • Механизм реализации инновационного потенциала Таджикистана. Д., 2019 (ҳаммуаллиф);
  • Продовольственная безопасность в системе национальной безопасности страны Д., 2018;
  • Ташхис ва мониторинги амнияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ќ. 5. Д., 2017;
  • Стратегияи рушди иқтисоди миллӣ (Таркиби сиёсати сармоягузорӣ қисми 3). Д., 2015;
  • Налоговое регулирование в промышленности. Д., 2006 (ҳаммуаллиф);
  • Молияи корхонаҳо (корпоративӣ) - китоби дарсӣ барои ихтисосҳои риштаҳои иқтисодиёт ва молия. Д., 2016;
  • Назарияи иқтисод маҷмуаи методӣ оид ба низоми кредитии таълимот. Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
  • Луғату калимаҳо ва ибораҳо оид ба иқтисоди бозорӣ-маводи таълимӣ-методӣ. Д., 2015 (ҳаммуаллиф);
  • Забони англисӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук (англисӣ, тоҷикӣ, русӣ) китоби дарсӣ. Д., 2011 (ҳаммуаллиф);
  • Муоинаи шахсӣ-шакли назорати гумрукӣ (тоҷикӣ ва русӣ). Д., 2011 ва ғ.