Шояд фардое набошад
ҳиндӣ: कल हो ना हो | |
Жанр | комеди-драм, филми диром ва филми ишқӣ |
Коргардон | |
Таҳиякунанда | |
Муаллифи филмнома |
|
Наворбардор | |
Оҳангсоз | |
Ширкати синамоӣ | Dharma Productions[d] |
Давомнокӣ | 187 дақиқа |
Мамлакат | |
Забон | ҳиндӣ |
Сол | 2003 ва 8 июл 2004[1] |
IMDb | ID 0347304 |
Сайти расмӣ(англ.) |
Шояд фардое набошад (номи аслӣ «Kal Ho Naa Ho», номи ҳиндӣ: कल हो ना हो, урду: کل ہو نہ ہو) — филми ҳиндӣ, маҳсули соли 2003 ба коргардонии Никҳил Адвонӣ аст. Ин филм дар шаҳри Ню-Йорк филмбардорӣ шуда ва бозигарони аслии он иборатанд аз Ҷоё Боччон, Шоҳрухон ва Притӣ Зинта.
Тавлид ва нависандагии бахше аз ин филмро Корон Ҷавҳар бар уҳда доштааст. Жанри ин филм ишқӣ-моҷароӣ аст ва мусиқии матни филми «Шояд фардое набошад» бо истиқболи зиёде рӯбарӯ шуд ва боис шуд то оҳангсози он, Шонкор Эҳсон Луй, ҷоизаи миллии филм барои беҳтарин коргардонии мусиқиро дарёфт кунад.
Хулосаи достон
[вироиш | вироиши манбаъ]Найна (Прити Зинта), ки солҳо пеш падарашро аз даст додааст, ҳамроҳи модар ва модаркалонаш дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад ва ба далели мушкилоти хонаводагӣ ба духтари хаставу бадбин табдил шудааст. Омадани ҳамсояи навашон Амон (Шоҳруххон), ки марди хушҳолу зиндадил аст, вазъи ин оиларо тағйир медиҳад.
Пас аз муддате Найна ва Амон ба якдигар дил мебанданд, аммо Амон, ки мефаҳмад дӯсти самимии Найна, Роҳит (Сайф Алихон), ӯро дӯст медорад ва ҳамчунин ба хотири бемории қалби худаш, шароитеро фароҳам меорад, ки он ду бештар бо ҳам бошанд ва ба навъе (бо вуҷуди алоқаи зиёдаш ба Найна) ба Роҳит дарси ошиқ шуданро меомӯзонад. Роҳит ва Найна издивоҷ мекунанд ва Амон, ки рисолати худро анҷом дода, ба он оила зиндагии шоду тозае бахшидааст, рӯзҳои охири умрашро дар беморхона сипарӣ карда, саранҷом мемирад.