Шоҳзамон Раҳмонов
Акс:Шоҳзамон Раҳмонов.jpg | |
Таърихи таваллуд | 14 апрел 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шаҳритус вилояти Хатлон |
Фазои илмӣ | адабиётшинос |
Шоҳзамон Раҳмонов (14 апрели 1946, ноҳияи Шаҳритус, Вилояти Хатлон) — адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995) Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1999), доктори илми филологӣ, профессор. Сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоҳзамон Раҳмонов — (14 апрели соли 1946 дар ноҳияи Шаҳритус, Вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Соли 1967 — Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст;
1968 −1991 — кор дар вазифаи гуногун дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон;
1991 −1997 — дотсент, ходими калони илмӣ ва мудири кафедра дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев;
1997 −1999 — мудири кафедра дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
1999—2003 — мудири шуъбаи забон, иттилоот ва матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон;
2003—2013 — сарходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1987 рисолаи номзадӣ ва соли 1997 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи рисолаву монографияҳои
• Байт ва муносибати он дар шеър. — Душанбе, Дониш, 1980,
• Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он. — Душанбе, Дониш, 1987,
• Таҳаввули воҳидҳои лирикӣ. — Душанбе, Адиб, 1988,
• Шеър ва Айнӣ. Дигаргуниҳои сифатию созмонӣ дар лирикаи муосири тоҷик" — Душанбе, Маориф, 1994,
• Сухане чанд аз лирикаи форсии тоҷикӣ. — Душанбе, Шарқи озод, 1999,
• Таҳқиқ ва нақд. — Душанбе, Адиб, 2005,
• Бародарони ҷонӣ. — Душанбе, Ирфон, 2005,
• Се кори муҳим ва бахайри устод Садриддин Айнӣ. — Душанбе, Деваштич, 2007,
• Маърифати забон. — Душанбе, СОНДТ, 2008,
• Ақидаҳои адабию бадеӣ ва назари эстетики устод С.Айнӣ. — Душанбе, Дониш, 2008,
• Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик. — Душанбе, Пайванд, 2010,
• Қубодиён: Сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар — Душанбе, Пайванд, 2011 мебошад.
Вай инчунин мураттибу муҳаррири маҷмӯаи мақолаҳо ва китобҳои зиёд мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени «Дӯстӣ» (2001);
- унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»
- Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 3 — Душанбе, 2003.