Гул
Гул (лот. flos, -oris, юн.-қад. ἄνθος, -ου), шукуфа — узви афзоиши ҷинсии рустаниҳои пӯшидатухм ё гулдор.
Фарзияҳо дар бораи пайдоиши гул
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарахсҳои тухмдор (Lyginopteridatae), ки феълан дар рӯи Замин боқӣ намондаанд, аввалин рустаниҳои тухмдор буданд. Онҳо мегаспорофиллаҳо (megasporophylla) – баргҳои «модина»-и спорадор ва микроспорофиллаҳо (microsporophylla) – баргҳои «нарина»-и спорадор доштанд. Аз мегаспорангия (megasporangia)-ҳои мегаспорофиллаҳо тухммуғҷаҳои ҳақиқӣ ташаккул ёфтанд. Минбаъд сарахсҳои тухмдор ба пайдоиши рустаниҳои тухмдор (Pinophyta) замина гузоштанд. Аз лучтухмҳо, ки замоне дар рӯи Замин хеле бисёр буданд, ҳоло баъзе намуди гинковикҳо (Ginkgoaceae), алалхусус сӯзанбаргҳо (Pinopsida) падид омадаанд. Рустаниҳои пӯшидатухм (Magnoliophyta) дар давраи юра пайдо шуда, дар миёнаҳои давраи бӯр (табошир) хеле нашъунамо ёфтанд. Мегаспорофиллаҳо ба ҳам пайваста, мевабаргро, ки тухмдон меноманд (дар дохили он тухммуғҷа аз шароити номусоид эмин аст), ба вуҷуд овардаанд.
Дар мавриди пайдоиши гулҳои дуҷинса ақидаҳои илмии гуногун вуҷуд доранд, аз ҷумла ақидаи Бесси ва Гиллир, ки фарзияи стробилӣ (strobilus – чалғӯза) ё эвантӣ (euanthium – гули ҳақиқӣ) меноманд, машҳур аст. Мувофиқи он гул навдаи содаи метаморфозӣ (тағйирёфта) буда, дар ибтидо ба чалғӯза шабоҳат дошт. Гулҳои аввалин ҳаҷман хеле калон буданд. Онҳо ба миқдори зиёд микроспорофиллаву мегаспорофилла доштанд. Баъдан ин гуна гулҳо шакли гулҳои имрӯзаи магнолияиҳо (Magnoliaceae), чиноракиҳо ё чакамуғиҳо (Ranunculaceae), нилуфариҳо (Nymphaeaceae) ва ғ.-ро гирифтанд.
Рехтшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз рӯи фарзияи стробилӣ гули аксари пӯшидатухмҳои феълӣ аз қисмҳои бесамар ва босамар иборатанд. Ба қисми бесамар гулпӯш (косабарг, гултоҷ, гулпарда) ва ба қисми босамар андротсей (гардбаргҳо) ва гинетсей (тухмдон) мансубанд. Гулпӯш (perianthium) аз гултоҷ ва косабарги пайваст ё аз баргчаҳои содаи нисбатан яксон таркиб ёфтааст. Гултоҷ (corolla) аз гулбаргҳои озод ё пайвасти маъмулан рангин иборат аст, ки ҳашаротро ҷалб мекунад. Он баъзан сабз мешавад ё тамоман вуҷуд надорад. Косабарг (calyx), маъмулан, сабз аст; баъзан ба монанди гулбарг рангин шуда, ҳашаротро ҷалб мекунад. Гулпарда (perigonium) аз баргакҳои озод ё пайвасти рангини шабеҳ ба гулбарг ё сабз иборат аст. Миқдори узвҳои гулпӯши гули рустаниҳо гуногун мебошад. Гули баъзе рустаниҳо гулпӯш надорад, ки онро гули луч меноманд (мас., забони гунҷишк, бед, ток, ғеша, ширгиёҳ ва ғ.).
Ҳамаи қисмҳои гул дар гулҷоя (receptaculum) ба таври морпеч – атсиклӣ, даврӣ – сиклӣ ва морпечу даврӣ ‒ политсиклӣ ҷой мегиранд. Сохти гул, яъне адади даврҳо (адади узвҳо, хусусияти мутаносибии гул ва ғ.), дар диаграмма ё формула ифода меёбад. Таносуб, мавқеъ ва адади қисмҳои гул бо аломатҳои шартии формула акс мешаванд. Мас., Ca (calyx) – косабарг, Co (corolla) – гултоҷ, P (perigonium) – гулпарда, A (androeceum) – андротсей, G (gunoeceum) – гинетсей. Формулаи гули себ чунин аст: Ca – 5, Co – 5, А (5 + 5), G (5), яъне косабарг аз 5 барг, гултоҷ аз 5 гулбарг, андротсей аз 5-тоӣ гардбарг дар ду давр, гинетсей аз 5 тухмдони пайвасти мураккаб иборатанд; ғӯрак поинӣ аст.
Андротсей (androeceum) қисми самаровар, яъне фертиллии гул, ҷамъи гардбаргҳост. Гардбарга (stamina), маъмулан, аз думча (filamentum), гарддон (anthera) ва пайвандак (connectivum) иборат аст. Дар бораи пайдоиши гардбарга ду фикр вуҷуд дорад. Мувофиқи яке гардбарга аз гулбарг, мувофиқи дигарӣ гулбарг аз гардбарга пайдо шудааст. Далелҳои исботи ин ақидаҳо хеле зиёданд. Муҳиммаш ин аст, ки ҳодисаҳои табдили тарафайни гулбаргу гардбаргаҳо бисёранд. Дар микрофилла ё гардбарга микроспора (microsporae) ва гард (pollen) ҳосил мешавад (нигар низ Гардолудшавӣ).
Гинетсей (gunoeceum) қисми муҳимми самаровари гул, ҷамъи тухмдон аст. Дар миёнаи гул ҷойгир мебошад. Тухмдон (pistillum) сода (якмевабарга ё мегаспорофилла) ва мураккаб (чанд тухмдони содаи пайваст) мешавад. Тухмдон аз се қисм иборат аст: поин – ғӯрак (ovarium), ки дар он тухммуғҷа (ovula) инкишоф меёбад; миёна – стилодий (сутунча – stylus), ки ба амали гардолудӣ кумак мерасонад; боло – гардгирак (stigma), ки аз бофтаҳои махсуси гардгир таркиб ёфтааст. Тухмдон дар гул як ё чандто, озод (апокарпӣ) ва пайваст (сенокарпӣ) ё мураккаб мешавад.
Гулҳо аз ҷиҳати намуд, ранг, бӯй ва андозаи худ басо гуногун мебошанд. Бӯи гулҳо ҳашаротро ҷалб карда, ба индол, триметиламин, эвгенол, кумарин, ванилин, терпену терпеноидҳо, фарнезол, ситронеллол ва дигар моддаҳои таркибашон вобаста аст. Ранги гулҳо бо моддаҳои рангбахш (пигмент)-и онҳо, бахусус антосианҳо, флавонҳо, флавонолҳо (апигенин, кемпферол, кверсетин, изорамнетин, гемистеин ва ғ.), каротиноидҳо (каротин, фитоксантин, кросеин ва ғ.) ва антофенинҳо алоқаманд аст. Гули калонтарин дар дунё гули рафлезия буда, вазнаш то 9 кг ва қутраш то 1 м мешавад. Қутри гулҳои магнолия (Magnolia) ва садра (Nelumbo) то 25–30 см, лола 4–6 см ва каҳчим (Gypsophila paniculatum) ҳамагӣ то 2 мм аст; қутри гули Lemma minor бошад, ҳамагӣ то 0,5 мм мебошад. Дар як бех рустанӣ аз як то ҳазорҳо гул мешукуфад. Мас., як бех лиму 6–10 ҳазор гул мекунад, ки фақат қисми андаки онҳо дону мева меоранд (боқимонда мехушканд ё мерезанд).
Мева ва тухм, ки аз гул ҳосил мешаванд, барои одам муҳим аст. Садҳо рустаниҳои гулашон зебову хушбӯй хиёбону гулгаштҳо, кӯчабоғу чаҳорбоғҳо, биноҳо ва ғ.-ро оро медиҳанд. Шакли зебои гулҳо дар офаридани расмҳо, рамзҳои гуногун, гилем, матоъ, ҳайкал, меъморӣ, наққошӣ ва дигар навъҳои санъати тасвирӣ фаровон истифода мешаванд. Аз гули рустаниҳо (бунафша, ёсуман, садбарг, ливондар ва ғ.) равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт ва саноати хӯрокворӣ ба кор меравад. «Равғани садбарг», ки аз гулбаргҳо ҳосил мекарданд, ҳатто ба суғдиҳо маълум буд. Гулоб, гулангубин, гулқанд дар аксари кишварҳои Шарқ маъмул аст. Гули маргимоҳӣ (бусир ё говдум), бобуна, ҳамешабаҳор, киквош ва ғ. дар тиб ба кор мераванд. Гулбаргҳои гули баъзе рустаниҳо (мас., навъҳои гуногуни саюларб)-ро дар тайёр кардани мураббо ё бӯё шудани чой, тамоку, нӯшокиҳо ва ғ. истифода мекунанд. Пигментҳои гулбарги гулҳои бӯстонафрӯз, махмалгул, ғармаши сурх, гули хайрӣ, пахтагул ва маъсарро барои рангнок шудани спирт ва обу равған ба кор мебаранд. Заъфарон дар қаннодӣ муҳим аст. Шаҳди гул манбаи асал мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гул / М. Ҳоҷиматов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.