Шуҳрат Мавлонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавлонзода Шуҳрат Мавлон
Таърихи таваллуд: 18 май 1983(1983-05-18) (39 сол)
Зодгоҳ: Панҷакент , ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: фиолология
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Шуҳрат Мавлонзода (4 январи соли 1982, шаҳри Ваҳдат) – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шуҳрат Мавлонзода 18 майи соли 1983 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 2001 мактаби миёна, соли 2006 факултети филологияи тоҷик, соли 2010 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои морфологии забони ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф» соли 2011 дифоъ намудааст. Барои хидматҳои бенуқсон дар соҳаи илму маориф бо“Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Ифтихонома”-и Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2008-2014 котиби илмии кафедраи забони адабии муосири тоҷики факултети филологияи ДМТ; Аз соли 2011 раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети филологияи ДМТ; аз соли 2016 то ҳол муовини декан оид ба илми факултети филологияи ДМТ.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Роҳбарияти факултаи филологияи ДМТ(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд.