Шӯрбурғун
ШӯРБУРҒУН (Nanophyton erinaceum), як навъ буттачаи сершох. Аз 4 то 20 см қад мекашад. Пояаш чӯбмонанди хокистарранг, баргаш майдаи сергӯшт. Гулаш дар бехи баргҳои болоӣ мешукуфад. Моҳи июн гул карда, авг. – сент. тухм мебандад. Ш. дар регхок, шӯрзамин, гачзамин мерӯяд. Пеш дар шимоли Тоҷикистон табибони халқӣ бо шохчаҳои Ш. бемории ҷараб (кали)-ро муолиҷа мекарданд. Доруи «нанофин», ки аз Ш. тайёр карда шудааст, ҳангоми бемории фишорбаландӣ (дараҷаҳои I ва II), нейродерматитҳо, дерматози хоришдор ва шукуфаҳо (барои кам кардани хориш) истифода мешавад. Доруи мазкур барои ашхоси гирифтори атеросклероз, ихтилоли кори ҷигар ва гурдаҳо зиён дорад. Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.