Шӯриши Маҳмуди Торобӣ
Шӯриши Маҳмуди Торобӣ — қиёми аҳолии шаҳри Бухоро ва рустоҳои атрофи он зидди истилогарони муғул. Раҳбарон ва фаъолони Шӯриши Маҳмуди Торобӣ ва ду бародарони Маҳмуди Торобӣ, Алӣ ва Муҳаммади Торобӣ.
Қаҳрамониҳои Торобӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи шӯриши Маҳмуди Торобӣ иттилооти кофӣ нест. Ягона манбае, ки сарвари шӯриш Маҳмуди Торобӣ ва рафти исёнро зикр мекунад, китоби «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ аст. Сабаби сар задани қиёми шаҳрнишинон, ҳунармандони Бухоро дифоъ аз оини ислом ва диёнати он дар баробари душманони мазҳабӣ ва сиёсӣ буд. Танҳо садрҳои Бухоро муқобилони шӯриши халқӣ буданд. Бинобар ба қавли муаррихони шӯравӣ мардуми заҳматкаши Бухоро, қалъаҳои садрҳои Бухороро талаву тороҷ намудааанд, ва шӯриш характерӣ синфӣ низ дошта буд. Ҳукумати марказии давлати муғул бо фармони Чағатой ва Маҳмуди Ялавоч барои комилан пахш намудани Шӯриши Маҳмуди Торобӣ ба воситаи умарои ҷангозмудаи муғул Элдиз-Нуйин ва Чакин-Қӯрчӣ бо лашкари анбӯҳе ба Бухоро рафт ва шӯришчиён дар ин набарди нобаробари хуношом шикаст хӯрданд; ба қавли Ҷувайнӣ «… дар ҳади бист ҳазор мардум дар ин навбат бикуштанд…» ва гурӯҳе фирор карданд. Бо ҳамин қиёми Маҳмуди Торобӣ ва фаъолияти низомии Алии Торобӣ қатъ гардид. Алии Торобӣ ва бародари ӯ Муҳаммад дар тамомии давраи шӯриши Торобӣ ҳамроҳи бародарашон Маҳмуди Торобӣ буданд. Ҷувайнӣ менависад, ки Алии Торобӣ ва бародараш Муҳаммад сабабгори асосии шикасти сипоҳи муғул дар ҷанги дашти Кармина будаанд. Пас аз марги Маҳмуди Торобӣ Алии Торобӣ ва бародараш Муҳаммади Торобӣ ҳарчанд саъй мекарданд хостаҳои мардум ва орзуву омоли бародарашонро амалӣ созанд, вале натавонистанд. Бародарон Алии Торобӣ ва Муҳаммад дар диловарӣ, шуҷоат ва муқовимат дар баробари сипоҳи муғул аз Маҳмуди Торобӣ шоистагиҳои камтаре надоштанд. Дар бораи ҷойгоҳи бародарон Алии Торобӣ ва Муҳаммад метавон гуфт, ки он ду монанди бародарашон Маҳмуди Торобӣ дар назари мардум азиз буданд. Онон ба унвони раҳбарони сиёсӣ ва мазҳабии қиёми мардуми Бухоро аз оғоз то анҷоми қиём аз хостаҳои худ даст накашиданд, барои амалӣ гардондани мақсади худ, ки ҳамоно дифоъ аз оини ислом ва диёнати он дар баробари душманони мазҳабӣ ва сиёсӣ буд, ба мубориза пардохтанд ва саранҷом дар ин набардҳо ва дар роҳи ин ормону ҳадафҳои нек ҷонашонро фидо карданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.