Jump to content

Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шӯрои Олии СССР)

Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, (Шӯрои Олии ИҶШС, ҳамчунон Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ); имлои куҳна – Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Социалистӣ, боз Совети Олии ИРСС, Совети Олии Иттифоқи Советӣ (русӣ: Верхо́вный Сове́т Союза Советских Социалистических Республик, Верхо́вный Сове́т СССР) — органи олии ҳокимияти давлатӣ дар солҳои 1938—1989, органи олии намояндагӣ ва қонунбарори Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар солҳои 1938 то 1991 амал мекард. Дар солҳои 1938—1989 ҷамъомадҳо (рус. сессия) ташкил мекард (чун қоида, ду бор дурӯза дар як сол[1]), дар солҳои 1989—1991 ҳокимияти доими қонунбарори ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Шӯрои Олӣ на танҳо соҳиби ҳокимияти қонунбарорӣ дошт, балки ҳамчунон қисман ҳокимияти иҷроиявӣ ва идоракуниро идора мекард. Қунонҳои аз тарафи ШО эълон шуда, асоси ҳуқуқ ба ҳисоб мерафтанд; ШО расман раиси гурӯҳии давлат ба ҳисоб мерафт (дар байни ҷамъомадҳо уҳдадориҳои қонунбарорӣ, намояндагӣ ва ғ. аз ҷониби Президиумаш иҷро мешуданд. Саркарда аз соли 1989 раиси ягонаи кишвар – Раиси Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ[2], ва аз соли 1990 — президенти СССР мешуд.

Дар солҳои 1930-ум ба назар гирифта шуд, ки «Қасри Советҳо» бояд хонаи Шӯрои Олӣ мешуд, дар натиҷа он сохта нашуд. Бинои ШО ИҶШС дар Кремл ҷойгир шуда буд. Қабулгоҳи раиси Президиум дар хонаи № 4/7 дар кунҷи кӯчаҳоиМоховая (хиёбони Маркс) ва Воздвиженка (хиёбони Калинин) ҷойгир буд.