Jump to content

Эдуардо Оскар Камано

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эдуардо Оскар Камано
исп. Eduardo Camaño
31 декабр 2001 — 2 январ 2002
Пешгузашта Адолфо Родригес Саа
Ҷонишин Эдуардо Дуалде

Таваллуд 17 июн 1946(1946-06-17)[1] (78 сол)
Ҳизб
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

 

Эдуардо Оскар Камано ( исп. Eduardo Óscar Camaño; тав. 17 июн 1946 , Буэнос-Айрес ) — сиёсатмадори аргентинист, ки аз 30 декабри соли 2001 то 2 январи соли 2002 иҷрокунандаи вазифаи президенти Аргентина буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Камано солҳои 1987-1991 ҳамчун мири музофоти Квилмес кор кардааст. То соли 2007 узви порлумони Аргентина аз музофоти Буэнос-Айрес буд. Вай аз соли 2001 раҳбари аксарияти палатаи поёнии парлумони Аргентина буд. Дар натиҷаи истеъфои Адолфо Родригес Саха ва Рамон Пуэрта, вай ҳокимяти ичроияро гирифт.

Дар солҳои минбаъда, ӯ бо Эдуардо Дуалде, ки ба муқобили президент Нестор Киршнер буд, як блоки перонистӣ таъсис дод. Дар соли 2007 ӯ боз даъвои курсии порлумон шуд, ин дафъа дар рӯихати блоки зидди Нестор Киршнер. Аммо вай аз намояндаи эътилофи Рикардо Кукковило мағлуб шуд.

Камано баъдан раиси шӯрои миллии Ҳизби Одилона шуд ва ӯ дар баробари Эдуардо Дуалде ва Нестор Киршнер раҳбари ҳизб гардид. Соли 2008, вақте ки Нестор Киршнер роҳбарии ҳизбро ба зимма гирифт, вай ба Камано ва Дуалде вазифаҳои роҳбарикунандаро пешниҳод кард, ки гурӯҳҳои мухолифини ҳизбро муттаҳид карда тавонанд.