Jump to content

Буэнос Айрес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Буэнос-Айрес)
Буэнос Айрес

Буэ́нос А́йрес — (испанӣ: Cuidad de la Santisima Trinidad y Puerto de Nuestra Senora de Santa Maria de los Buenos Aires) пойтахти Аргентина, маркази маъмурӣ, маданӣ ва тиҷоратии кишвар ва яке аз калонтарин шаҳрҳои Амрикои Ҷанубӣ.

Пайдоиши ном

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бунёдгари шаҳри Буэнос Айрес Педро де Мендоса ва номи аввали ӯро Бандаргоҳи Малика (ба номи модари Исо Марьям, исп. Puerto de Nuestra Señora Santa María del Buen Ayre) гузошт. Ифодаи «Буэн Айр» як қисми номи Марямро ишора мекард ва муносибати он калисои ҷомеъ дар Киляри Сардиния бунёд карданд. Дар тулли як чанд сол номи шаҳр ба номи канкистадор Рей Диас де Гусман пайваст буд. Дар соли 1892 Эдуардо Мадеро баъди гузаронидани тадқиқоти ваъсе, таърихчии испонӣ ба хулоса омад, ки номи шаҳр бо содиқ будани баҳрнавардони испонӣ нисбати Марями Севиля (яке аз азизони дини насронӣ) дар Буенос Айрес вобастагии бевосита дошт.

Аз нав бунёд кардани шаҳр пас аз сӯхтор, Хуан де Гарай номи нав гузошт — «Шаҳри Қарин ва Бандаргоҳи Марями Азизи Шамолҳои Нек» (исп. Ciudad de la Trinidad, Puerto de Nuestra Señora Santa María del Buen Ayre). Сабаби дигаргун кардани ном, мумкин аст, ки наздик будани ба ҳамдигар таърихи ид бо таърихи аз нав бунёд шудани шаҳр вобаста бошад ё чӣ тавре ки баъзе таърихчиён шарҳ медиҳанд, киштии Гарай дар бандаргоҳ рӯзи иди Қарин лангар андохт. Аммо бандаргоҳ, ки Гарай номгузорӣ карда буд ин гуна ном дошт Puerto de Santa María de los Buenos Ayres.

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: