Элбон Ҳоҷибеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Элбон Ҳоҷибеков
Элбон Ҳоҷибеков
Таърихи таваллуд 12 август 1955(1955-08-12) (68 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шуғнон
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор мактаби миёнаи №7 ш.Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон номи В.И.Ленин

Элбон Ҳоҷибеков (тав. 12. 08. 1955, шаҳраки Поршневи ноҳияи Шуғнон) — муаррих, доктори илмҳои таърих (2020), профессор (РАЕ, 18.09.2015)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Элбон Ҳоҷибеков 12 августи соли 1955 дар шаҳраки Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи муаллим таваллуд ёфтааст. Падарашон Назармаҳмадов Ҳоҷибек муаллими мактаби миёнаи №12 ва модарашон Соқибекова Шакархотун муаллимаи мактаби миёнаи № 11 шаҳраки номбурда буданд. Ҳоҷибеков Э. дар соли 1972 баъд аз хатми мактаби миёнаи №11-и ҷамоати Поршнев ба факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон номи В.И.Ленин дохил шуда, дар соли 1997 онро бо муваффақият хатм намудааст. Бо роҳхати Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор ба мактаби миёнаи №7 ш.Хоруғ ба кор фиристонида шуда, чун муаллими фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ аз соли 1977 то соли 1995 дар мактаби номбурда фаъолият карда буданд. Аз соли 1995 то 1997 гг. ассистенти кафедраи таърихи умумӣ, 1997-2001гг, аспиранти шуъбаи ғоибонаи Пажуҳишгоҳи Улуми инсонии дар Помир будаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, с-ҳои 1998-2000 муаллими калони кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев буданд. Аз соли 2004 то ҳоло Элбон Ҳоҷибеков дар вазифаҳои мудири кафедра ва профессори кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият намуда [1] саҳми хешро дар донишгоҳ барои тайёр намудани мутахассисони ҷумҳури гузошта истодааст.[2]

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Элбон Ҳоҷибеков соли 2002 рисолаи номзади дар мавзӯъи «Роль исмаилитских пиров в политической и общественной жизни народов Шугнана»-ро дар Шӯрои илмӣ-диссертатсионии ДМТ ҳимоя карда буданд. Бо қарори шӯрои олимони ДДХ № 607 аз 22 декабри соли 2014г. ва қарори комиссияи Атестатсионии бахши таърихи Президиуми Академияи илмҳои Табиатшиносии Федератсияи Русия (РАЕ, 18.09.2015) сазовори унвони профессор гардида буданд.[3] Соли 2020 Элбон Ҳоҷибеков дар риштаи таърих рисолаи доктори илмро дар Шӯрои диссертатсиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қиссаҳои таърихӣ ва ривоятии Шуғнони Тоҷикистон ва Афғонистон (Исторические очерки и предания Шугнана Таджикистана и Афганистана) – Хоруг,«Логос», 2012. – 82 с.
  • Очеркҳо дар барои таърихи Бадахшон (Очерки по истории Бадахшана) т.1. – Душанбе, 2013,– с. 225
  • Исмаилитские духовные наставники (пиры) и их роль в общественно-политической и культурной жизни Шугнана (вторая половина XIX- 30-е годы ХХ вв.). Душанбе, Бухоро, 2015, 282 с.
  • Накши пирони мазхаби дар худихтиёри ба Русия хамрох шудани Помир. Душанбе, Адаб, № 3, 1999 стр. 7-9
  • Таъқиботҳои солҳои 30-юми асри ХХ дар Бадахшон//Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, №1, 1999 стр. 94-101
  • Ҳиссаи пирони мазҳабӣ дар инкишофи фарҳанги Бадахшон // Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, №1, 1999 стр. 102-106
  • Художественное наследие пира Саида Фаррухшо // Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 2, 2000. стр. 84 - 89
  • Нақши пирони исмоилӣ дар ҳамроҳ намудани Помир ба Россия//Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 3,, 2001. стр. 120-125
  • Махмадалишоҳ Саидюсуфалишоев- охирин пири аҳолии Шуғнон (Махмадалишоҳ)// Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 4,, 2002, стр. 146-151
  • Нақши пирони мазҳабӣ дар худихтиёри ҳамроҳ шудани Помир ба Русия.//Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 3,, 2003. стр. 120-125
  • Саид Козум Саидфаррухшоев ва сахми мардуми Бадахшон дар ёри ба фонди мудофиаи Давлати Шурави дар солҳои Чанги Бузурги Ватани.(1941-1945) //Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 6, 2004. стр.128-133
  • Акл ва мазхаб дар асари «Фазилатнома»- и пир Саид Чалолишох валади Саид Шохкалон (Разум и религия в книге «Фазилатнаме» пира Саида Джалолишаха валади Саида Шокалона (на тадж.яз) //Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 6,, 2005. стр.143-147
  • Ривояте чанд оид ба пир Машнари Сабзали (Некоторые легенды о пире Машнари Сабзали в Бадахшане) //Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 6,, 2005. стр.100-104
  • Рочеъ ба як суннати мазхабии мардуми Бадахшон (Об одном религиозном традиции населения Бадахшана(на тадж.яз.)// Носири Хусрав: Дируз, имруз, фардо. Тартибдихандагон С.Ниёзов, Р.Назариев. – Хуҷанд: Ношир, 2005 (Насир Хусрав: Вчера, сегодня, завтра, Составители С.Ниязов, Р. Назариев, Ходжент: Ношир, 2005).стр. 605–610
  • Инъикоси маълумоти таърихи ва баъзе акидаҳои гуманисти дар ашъори Хаким Носири Хусрав. (на тадж.яз) (Отражение исторических событий и некоторые гуманитарные взгляды в поэзии хакима Насира Хусрава). //Носири Хусрав: Дируз, имруз, фардо. Тартибдихандагон С.Ниёзов, Р.Назариев. – Хуҷанд: Ношир, 2005 (Насир Хусрав: Вчера, сегодня, завтра, Составители С.Ниязов, Р. Назариев, Ходжент: Ношир, 2005).Cтр.241-252
  • Шуриши Махрамбек дар Шугнони Афгонистон (восстании Махрамбек в Шугнан Афганистана) (сарв-хамал 1304г.х., март-апрел 1925г // Материалы республиканского симпозиума «Экономика и наука ГБАО: вчера, сегодня и завтра» Хорог, 2005 стр.142- 145
  • Суннати «Даъвати Бако» дар Бадахшон//Рудаки. Художественно-культурный журнал Посольства Исламской Республики Иран в Таджикистане. Спец. выпуск Бадахшановедение. № 10, Душанбе, 2006 стр. 22-36
  • Репрессии 30-х годов ХХ века и исмаилиты Бадахшана. Памирская экспедиция (статьи и материалы полевых исследования) // Москва: Институт Востоковед. АН РФ, 2007 стр. 101-110
  • Маросими мотами Зардуштиён ва баъзе бокимондаҳои он дар расму одати мардуми Бадахшон //Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 6, 2007. стр.150-163
  • Рудаки ва давлати Сомониён //Тезисы материалов Международного симпозиума «Рудаки и мировая культура», Душанбе, 6-7 сентября, 2008 г. стр. 179-180
  • К вопросу о художественном наследии Саида Фаррухшо XXXVII Международный конгресс азиатских и североафриканских исследований (ICANAS). М., 2004. стр. 28-29
  • Мухаммад Газоли ва гуфтугуи дохили дини //Центр стратегических исследование при Президенте Республики Таджикистан. Душанбе, 6-8 октября 2008,стр. 73-85
  • Академик Б.Г. Гафуров и вопросы изучения исмаилизма.//Международный научный конференции посвященный 100-летию Героя Тадж. народа академика Б.Г. Гафурова, Душанбе, ТГНУ 18-19 декабря, 2009 г. стр. 82-88
  • Корбурди забони шугнони дар Горони Бадахшони Тоҷикистон ва сабабҳои аз байн рафтани он: тахлили этно-лингвисти //Международная конференция: «Языки на гране исчезновение и история».24-26 сентябрь, Хорог, Таджикистан, 2009г. стр. 57-66.
  • Имом Абуханифа: шахсияти таърихи ва муносибати ӯ бо адён ва мазохиби исломи. // Макоми Имоми Аъзам дар тамаддуни Ислом ва ҷаҳон. Душанбе: Министерство народного образования Таджикистана, 2009 г. стр. 179-194
  • Баъзе маълумотҳои нав дар бораи шуриши Махрамбек дар Шугнони Афгонистон (моҳи сарв - хамали соли 1304 х., март – апрели с.1925) (Некоторые новые данные о восстание Махрамбек в Шугнан Афганистане, 1925г.//Вестник ХоГУ. Гуманитарные науки.Часть 2, № 8, 2010. стр.149-163.
  • История исмаилитских пиров Шугнана в работах русских, советских и современных учёных.//Русские учёные об исмаилизме. Под. ред. Прозорова С.М., Элназарова Х. Фил. фак. Санкт-Петербургского государственного университета Нестор-История, Санкт-Петербург, 2014г, стр.218-228
  • Аз таърихи давлати Исломии Ирок ва Шом (Леванта) //Маърифати омузгор, Душанбе, № 9-10, 2015. Стр.23-26
  • История развития геологии в годы перестройки в ГБАО (1985-1991гг.). //Вестник ТНУ, (Таджикского национального университета), Душанбе: Сино-2015, № 3/10, (188). Стр. 36-39.
  • Причины и последствия первого политического митинга на Памире в годы перестройки (7-9 декабря 1991г.) //Вестник ТНУ ч.1.Душанбе: Сино-2015, № 3/11 (188). Стр. 24-28
  • Вклад Памирских таджиков в дело пропаганды и развитие киноискусства Таджикской ССР (50-80-е годы ХХ вв.) //Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук.- 2015, часть II-№ 3/11 (188).-С.41-43.
  • НАУКА ВЧЕРА, СЕГОДНЯ, ЗАВТРА: сборник статей студентов, аспирантов, молодых ученых и преподавателей - Уфа: РИО МЦИИ ОМЕГА САЙНС, 2015. в 3 ч. Ч.3 / – 258 с. Стр.114-115
  • Промышленность и торговля ГБАО в годы перестройки.//Вестник педагогического университета, издание Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни.- Душанбе, 2015, № 4 (65). (резюме на русск. и англ. яз.) Стр.222-225.
  • Развитие промышленности ГБАО в 1980-1985гг. //Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук.- 2015, - № 3/12 (189).Стр.36-39
  • Переход обучения таджикского языка с арабской графике на основе латинской в средних школах ГБАО: история и проблемы (1926-1940гг.)//Вестник педагогического университета, издание Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни.- Душанбе, 2015, № 5 (66).- С.234 - 239.
  • Развитие народного образования, проблемы и открытие нового филиала Академия наук республики в ГБАО (1980-1991гг.) // Вестник педагогического университета, издание Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни.- Душанбе, 2015, № 6 (67). С.277 - 280.
  • История развития театрального искусство в ГБАО (1982-1991гг.)//Международный журнал экспериментального образования РАЕ.- 2016.- № 4 (часть 3). С. 444-446[4]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]