Эмил Галле

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Эмил Галле
фр. Émile Gallé
Суратҳо
Таърихи таваллуд: 4 май 1846(1846-05-04)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 23 сентябр 1904(1904-09-23)[1][2][4][…] (58 сол)
Маҳалли даргузашт:
Мамлакат:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Эмил Галле (фр. Emil Gallé; 4 май 1846, Нанси — 23 сентябри 1904) — булӯрсоз ва кандакори фарансавӣ, намояндаи барҷастаи ҷунбиши ҳунари нав (фр. art nouveau).

Зиндагинома[вироиш]

Аз соли 1856 дар назди падараш Ш. Галле — Райнемер, ки роҳбари корхонаи шишаву сафоли шаҳри Нанси буд, кор кард. Барои мебелҳо ва маснуоти шишагиву сафолӣ ангораҳо сохт. Яке аз намояндагони асосии ҷараёни «флоралӣ» дар сабки модерни Фаронса буд. Соли 1901 ҳамроҳ бо Л. Мажорел ва Э. Валэн «мактаби Нанси»-ро бунёд гузошт. Пас аз марги падар (1874) коргоҳи шахсӣ боз кард. Аз ҳунарҳои ороишии исломӣ, чинӣ ва ҷопонӣ таҷриба омӯхт.

Осори ҳунарӣ[вироиш]

Дар осори Эмил Галле аҷобату назокати хатту шаклҳо бо сатҳи баланди иҷроиш тавъам буданд. Эмил Галле, ки ба биологияву энтомология шавқ дошт, истифодаи нақшҳои табиӣ (парвонаҳо, баргу гулҳо)-ро авлотар мешумурд. Барои ороиши маснуот кандакорӣ, хотамкории варақаи филиз, ҳаккокӣ ва зарҳалкориро истифода мебурд. Навпардозиҳои Эмил Галле барои рушди минбаъдаи санъати ороиши амалии Аврупо аҳаммияти хос доштанд. Чунончи, ӯ ба Намоишгоҳи байналмилалии Порис (1878) осори бо сабки «Нури маҳтобӣ» («clair-de-lune», шишаҳо бо оксиди кобалт ранг карда мешуд, ки ба он тобиши ёқути кабудро медод) иҷрошударо пешниҳод кард. Эмил Галле бо такя ба намунаҳои чинӣ услуби хотамкории шишаро низ равнақ дод. Дар охири солҳои 1880 ӯ корхонаи мебели хусусиашро боз кард. Ба мебелҳои Эмил Галле низ шаклҳои табиӣ (рустанӣ, ҳашарот) ва мураккаби ороиш: хотамкорӣ бо садаф, филиз, сангҳои нимгаронбаҳову навъҳои нодири чӯб хос аст. Аз соли 1897 ӯ хотамкорӣ бо садаф ё филиззи мебелро дар соҳаи шишакорӣ татбиқ карда, ба истилоҳ маркетри (хотамкорӣ)-и шишаро ба роҳ монд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Сарабьянов Д. В. Модерн. М., 2001;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.

Сарчашма[вироиш]