Jump to content

Кандакорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кандакор)
Сутуни кандакоришуда дар чойхона

Кандакорӣ аз ҳунарҳои қадимии Шарқ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Кандакори - усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гаҷ, гил ва ғайра,ки бо роҳи кандану бурида гирифтан ичро карда мешавад. Яке аз бостонтарин ва маълумтарин намуди санъати амалист. Кандакори дар меъмори (ороиши бинохо), истеҳсоли ашёву анчоми рӯзгор ва ғайра истифода мешавад. Устоҳои тоҷик, асосан чубро (арча, чанор, тут, чормағз) ба кор бурда аз онҳо ашёҳои рӯзгор (коса, табақ, кавш, ва ғайра) колибҳои махсус барои нусхапартоиву нақшунигори матоъҳои пахтаги ва ғайра месохтаанд.

Кандакорӣ усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гил ва гаҷ буда, аз маъмултарин намуди санъати миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Кандакорӣ таърихи ҳазорсола дошта, намунаҳое, ки аз ноҳияҳои Ишкошиму Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Вахш дарёфт шудаанд, ба асрҳои 8 - 10, 15 - 19 мутааллиқанд. Санъати муосири кандакории чӯбии тоҷикон, дар ду самт инкишоф меёбад: мардумӣ ва касбӣ. Вале, дар ҳар ду ҳам анъанаҳои асримиёнагии санъати ороишӣ нигоҳ дошта шудаанд. Услуби мардумӣ идомаи анъанаҳои пешин буда, дар деҳот бисёр вомехӯрад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маҳсули дасти кандакоронро дар сутуну болор, дару тирезаҳои чойхонаҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, биноҳои маъмурӣ дидан мумкин аст. Дар осорхонаҳои кишвар намунаҳои олии кандакорӣ ҳифз шудаанд. Сутунҳои кандакоришуда аз деҳаҳои Рарз, Фатмев, Куруди ноҳияи Айнӣ, Оббурдони Мастчоҳ, сарсутунҳои масҷидҳои Ҳавзи Сангин, Далёни Болои шаҳри Истаравшан, Ҷомӣ дар Хуҷанд, Сурх дар Исфара бо анъанаҳои қадимаи кандакорӣ ороиш ёфтаанд. Дар зиндагии рӯзмарраи тоҷикони Помир кандакории чӯб барои ороиши хонаҳо истифода мешуд.[1]

Асбобҳои кандакорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: